Диду боздиди Муҳаммадбоқир Қолибоф бо Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ. Чӣ масъалаҳо баррасӣ шуданд?

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси парлумони Эрон, ки дирӯз, 9-уми октябр вориди Душанбе шуд, имрӯз бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард. Зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси парлумони Эрон муносибатҳои Тоҷикистону Эрон бо шумули робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз […]

Asia-Plus

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси парлумони Эрон, ки дирӯз, 9-уми октябр вориди Душанбе шуд, имрӯз бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард.

Зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси парлумони Эрон муносибатҳои Тоҷикистону Эрон бо шумули робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштааст, ки “мо кишвари дӯсту бародари Эронро шарики муҳимми худ дар минтақа арзёбӣ мекунем”.

Ҳамчунин, нақши парлумонҳои ду кишвар дар рушду тавсеаи равобити Тоҷикистону Эрон дар ҳавзаҳои мухталиф махсус таъкид гардидааст. Дар ин зимн ҷонибҳо хостори идомаи муколамаи созандаи парлумонӣ ва тақвияти бештари фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ шуданд.

Таъкид гардидааст, ки тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту транзит, кишоварзӣ ва дорусозӣ ба манфиати ҳар ду кишвар хидмат менамояд.

Густариши ҳамкории фарҳангӣ ва ҳифзи арзишҳои муштарак аз вазифаҳои дигари парлумонҳо дониста шудааст.

Зимни мулоқоти шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф масъалаи рушди ҳамкориҳо ва муносибатҳои парлумонии ду кишвар баррасӣ шудааст.

Ҷонибҳо аз рушди бомароми ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намудаанд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои Эрон ҷузъиёти бештари ин дидорро нашр кардаанд. Ба навиштаи хабаргузории ИСНО, дар ин вохӯри масоили амнияти минтақаӣ, ҳамлу нақл, интиқоли об ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ низ матраҳ гардидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар дидор бо раиси маҷлиси миллии Тоҷикистон имзои наздик ба 100 санади ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву парлумонӣ миёни Теҳрон ва Душанбе, инчунин, бекор кардани раводид ва осонсозии мубодилаҳои иқтисодиро нишондиҳандаи азму иродаи ду кишвар барои густариши ҳамкориҳо унвон кардааст.

Қолибоф ба зарурати амнияти пойдор ва ҷилавгирӣ аз рушди терроризм, ҳамчунин қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа дар минтақа таъкид кардааст.

“Мо аз ҷумлаи ҳамсоякишварҳои Афғонистонем ва масоилу мушкилоте дар ин кишвар вуҷуд дорад. Ҳамчунин масоили ҷанги Укроин ва Русия ва авзоъи нобасомони минтақа аз мавзуъҳое ҳастанд, ки ҳаргиз наметавоем нисбат ба онҳо ҳам аз боби инсониву ҳам исломӣ ва ҳамчунин аз боби як нигоҳи тавсеа ва амнияти пойдор бетафовут бошем”, – баён доштааст Қолибоф.

Ӯ афзудааст, ки “чӣ бихоҳем ва чӣ нахоҳем ин мавзуъҳо дар кишвари мову шумо, ҳамаи минтақаву кишварҳои исломӣ ва ҳамчунин кишварҳои муштаракулманофеъ бо кишварҳои Осиёи Миёна асаргузор хоҳад буд. Барои ҳамин ин ҳамкориҳо ба хотири тақвияти амнияти пойдор бисёр муҳим ва асосӣ аст”.

Ёдрас мешавем, ки Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дирӯз дар раъси як ҳайати калон ба Тоҷикистон омад. Расонаҳои эронӣ навиштанд, ки яке аз ҳадафҳои муҳими сафар гуфтугӯҳои дуҷониба дар хусуси афзоиши ҳамкориҳо ва мубодилоти тиҷории ду кишвар аст.

Гуфта мешавад, сафари раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бо даъвати Рустами Эмомалӣ, раиси маҷлиси миллӣ ва Муҳаммадтоҳир Зокирзода, раиси парлумон кишвар сурат гирифтааст.

Дар ҷараёни сафари Қолибоф чизи дигаре, ки расонаҳо ба он таваҷҷуҳ кардаанд, халлабонии ӯ буд. Гуфта мешавад, ки Раиси парлумони Эрон аз Теҳрон то Душанбе худаш халлабони парвоз будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.