“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори рус гурӯҳи мутташаккили ҷиноятиро ошкор кардааст, ки ба қавли онҳо, дар ҳудуди Русия ба гаравгонгирию таҳдид ва тороҷи муҳоҷирони кории тоҷик машғул будаанд. Дар ин бора дар барномаи “Ахбори ВКД” иттилоъ дода шуд. Дар гузориши ВКД зикр мешавад, ки Муҳаммадҷон Маннонов ва Бобоқул Қориев аз ноҳияи […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори рус гурӯҳи мутташаккили ҷиноятиро ошкор кардааст, ки ба қавли онҳо, дар ҳудуди Русия ба гаравгонгирию таҳдид ва тороҷи муҳоҷирони кории тоҷик машғул будаанд.

Дар ин бора дар барномаи “Ахбори ВКД” иттилоъ дода шуд.

Дар гузориши ВКД зикр мешавад, ки Муҳаммадҷон Маннонов ва Бобоқул Қориев аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Сафаралӣ Қулматов аз ноҳияи Ёвон ва Комрон Забирзода аз шаҳри Ҳисор ба бо таҳдиду зӯрӣ аз 100 ҳазор то 2 миллион рубли русии муҳоҷирони кории тоҷикро ғорат кардаанд.

Ба иттилои ин ниҳод, як нафари дигари узви ин гурӯҳ Алиҷон Худойқулов дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

Дар барномаи телевизионии ВКД ҳамчунин чанде аз ҷабрдидагон шаҳодат доданд, ки ин афрод онҳоро ба ҷангал бурда, теғро дар гулӯяшон гузоштаву пул гирифтаанд.

Аъзои гурӯҳ ҳам зимни бозпурсӣ, ки маълум нест, таҳти кадом шароит сабт шудааст, иқрор мекунанд, ки бо корду туфанг мусаллаҳ буданд ва муҳоҷирони тоҷикро аз ҷойи корашон пайдо карда, бо таҳдиду зӯрӣ “ҳақ” меситонданд.

Ба қавли мақомоти интизомӣ, ин афрод бо номи “Қорӣ”, “Алии риш”, “Ҷамшеди дароз” ва “Бензин” маъруф будаанд. Баъзеи онҳо қаблан дар Русия суд шуда будаанд.

Аммо дар гузориш гуфта намешавад, ки аъзои ин гурӯҳ кай дар Русия боздошт шуда ва кай ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио