Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Туркманистон рафт. Дар ин бора дафтари матбуоти ӯ хабар медиҳад. Дар паём гуфта мешавад, ки дар ин сафар раисиҷумҳурро вазири корҳои хориҷӣ, ёварони президент оид ба робитаҳои хориҷӣ ва рушди иҷтимоӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Аммо дар бораи ҳадафи сафар ва барномаи он муфассал […]

Asia-Plus

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Туркманистон рафт. Дар ин бора дафтари матбуоти ӯ хабар медиҳад.

Дар паём гуфта мешавад, ки дар ин сафар раисиҷумҳурро вазири корҳои хориҷӣ, ёварони президент оид ба робитаҳои хориҷӣ ва рушди иҷтимоӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Аммо дар бораи ҳадафи сафар ва барномаи он муфассал чизе гуфта намешавад.

Танҳо зикр мешавад, ки сарвари давлатро дар фурудгоҳ сарвазир ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ гусел карданд.

Бояд гуфт, сафари охирини давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Ишқобод моҳи августи соли 2021 сурат гирифта, моҳи августи соли гузашта барои мулоқоти сеҷониба бо раҳбарони Туркманистон ва Ӯзбекистон ба он ҷо парвоз карда буд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар пойтахти Туркманистон ҳамоиши байналмилалии “Равобити замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу тараққӣ”, бахшида ба 300-солагии шоир ва мутафаккир Махтумқулӣ Фироқӣ баргузор мешавад.

Ба ин чорабинӣ раҳбарони бисёре аз давлатҳои ҳамсояи Туркманистон, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия ва баъзе дигар кишварҳо даъват шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.