Боздошти модаре дар Суғд бо иттиҳоми талоши фурӯши кӯдак

Пулиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд як занро бо иттиҳоми талоши фурӯши духтари хурдсолаш бар ивази 15 ҳазор доллари ИМА боздошт кардааст. Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ дод, ки “ин зан сокини ноҳияи Ашт буда, талош кардааст дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров духтарашро фурӯшад”. “Зани 26-сола аз ноҳияи Ашт […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Пулиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд як занро бо иттиҳоми талоши фурӯши духтари хурдсолаш бар ивази 15 ҳазор доллари ИМА боздошт кардааст.

Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ дод, ки “ин зан сокини ноҳияи Ашт буда, талош кардааст дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров духтарашро фурӯшад”.

“Зани 26-сола аз ноҳияи Ашт С.Т. (Дар барнома ному насаби зан пурра оварда шудааст, аммо “Азия-Плюс” бо риояи меъёри қонунгузории кишвар оид ба эҳтимолияти бегуноҳӣ, аз ошкор кардани ҳуввияти ӯ худдорӣ мекунад) санаи 9-уми октябр дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мехост духтарчаашро ба “харидори шартӣ” бар ивази 15 ҳазор доллар фурӯшад. Ҳангоми ба даст овардани маблағи пешакӣ мувофиқашуда аз ҷониби милитсияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт шуд”, – зикр мешавад дар барномаи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд.

Дар навори намоишдодаи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд зани муттаҳам иқрор мекунад, ки “баъди пош хӯрдани оилааш мехост кӯдакро фурӯшад ва хона харад, то дар хонаи волидон зиндагӣ накунад”. Аммо дар чӣ шароит сабт шудани наври иқрори зан маълум нест.

Айни ҳол алайҳи ин зан бо моддаи 167 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хариду фурӯши ноболиғон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, худи ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ин банди қонун маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз  панҷ то ҳашт  солро пешбинӣ мекунад.

Назари вакили дифоъ ё пайвандони ин зан дар бораи иттиҳоми эълоншуда маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки моҳи гузашта як сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт низ барои талоши фурӯши кӯдаки худ боздошт шуд. Мақомот он замон гуфт, ки ин зан мехост кӯдакашро бар ивази 15 ҳазор сомонӣ фурӯшад ва ҳангоми гирифтани 5 ҳазор сомонӣ аз ҷониби милитсияи Ашт боздошт гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.