Як мард барои дуздии телефон аз масҷид 3 сол равонаи зиндон гардид

Додгоҳи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон як мардро барои дуздии телефон аз масҷид се сол равонаи зиндон кард. Дар ин бора сомонаи ин додгоҳ хабар дод. Манбаъ, аз ин мард Амиршоев У. ном бурда, навиштааст, ки рӯзи 11-уми июни соли равон ҳангоми адои намози аср аз масҷиди панҷвақтаи кӯчаи Тошмухамедови ноҳияи Хуросон телефони се намозгузорро дуздидааст. Арзиши […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Додгоҳи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон як мардро барои дуздии телефон аз масҷид се сол равонаи зиндон кард. Дар ин бора сомонаи ин додгоҳ хабар дод.

Манбаъ, аз ин мард Амиршоев У. ном бурда, навиштааст, ки рӯзи 11-уми июни соли равон ҳангоми адои намози аср аз масҷиди панҷвақтаи кӯчаи Тошмухамедови ноҳияи Хуросон телефони се намозгузорро дуздидааст. Арзиши умумии онҳо 5600 сомонӣ гуфта мешавад.

Додгоҳ ӯро барои такроран дуздӣ кардан (моддаи 244 қисми 2 бандҳои "а,в" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) се сол ба зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. Маълум нест, ки ӯ пештар дар куҷо ва чӣ дуздӣ кардааст.

Назари худи муттаҳам ва наздикону пайвандонаш ба ин ҳукми додгоҳ маълум нест.

Дуздӣ аз масҷид дар Тоҷикистон, ки ҷои муқаддас барои мардуми мусулмон ба ҳисоб меравад, хеле кам рух медиҳад.

Қаблан соли 2020 дар овони авҷи бемории коронавирус, ки масҷидҳо дар Тоҷикистон баста буданд, мақомот як сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлонро барои дуздии манбаъҳои хотиравӣ (базаҳо), мониторҳо ва камераҳои мушоҳидавӣ аз 16 масҷид боздошт карда буданд.

“Нисбат ба сокини ноҳияи Вахш Шамсиддин Давлатови 39-сола, ки ба як силсила дуздиҳо гумонбар дониста мешавад дар зодгоҳаш ва ноҳияи Кӯшониён ду парвандаи ҷиноятӣ боз шуд”, – гуфта буд ВКД Тоҷикистон.

Маълум нест, ки Давлатов барои ин кирдор чӣ ҷазо гирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.