Дуздӣ дар 16 масҷиди Тоҷикистон аз ҷониби шахси қаблан судшуда

Бо истифода аз муддати 4 моҳ инҷониб муваққатан баста будани масҷидҳо дар Тоҷикистон бар асари пандемия, шахси қаблан судшуда дар як муддати кӯтоҳ дар 16 масҷиди ноҳияҳои Вахш ва Кӯшониён даст ба дуздӣ задааст. “Нисбат ба сокини ноҳияи Вахш Шамсиддин Давлатови 39-сола, ки ба як силсила дуздиҳо гумонбар дониста мешавад дар зодгоҳаш ва ноҳияи Кӯшониён […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо истифода аз муддати 4 моҳ инҷониб муваққатан баста будани масҷидҳо дар Тоҷикистон бар асари пандемия, шахси қаблан судшуда дар як муддати кӯтоҳ дар 16 масҷиди ноҳияҳои Вахш ва Кӯшониён даст ба дуздӣ задааст.

“Нисбат ба сокини ноҳияи Вахш Шамсиддин Давлатови 39-сола, ки ба як силсила дуздиҳо гумонбар дониста мешавад дар зодгоҳаш ва ноҳияи Кӯшониён ду парвандаи ҷиноятӣ боз шуд”, – хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Ӯ дар содир намудани дуздӣ дар 16 масҷиди ноҳияҳои зикршуда, ки аз онҳо манбаъҳои хотиравӣ (базаҳо), мониторҳо, камераҳои мушоҳидавиро тасарруф намудааст, гумонбар дониста мешавад.

Зикр мегардад, ки Давлатов қаблан барои даст доштан дар ҷиноятҳои ба ин монанд ва қаллобӣ ду маротиба маҳкум шудааст.

Дар бораи маблағи зиёни расида ба масҷидҳо маълумот дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки масҷидҳои Тоҷикистон аз 18-уми апрел бастаанд. Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири пешгирии паҳншавии коронавирус баргузории намозҳои дастаҷамъона, намози ҷумъа, намози таровеҳро дар моҳи Рамазон дар масҷидҳо манъ кард. Намози дастаҷамъонаи Иди Рамазон ва Иди Қурбон низ баргузор нашуд. Танҳо ба намози ҷаноза ва он ҳам бо иштироки начандон одамони зиёд иҷоза шуд.

Ҳанӯз рӯзи 4-уми март Шӯрои уламо ба сокинони кишвар тавсия дод, ки ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз эҳтимоли сироятёбӣ ва паҳн шудани бемории коронавирус, аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо, ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ кунанд.

Шурӯъ аз 20-уми март Кумитаи дини Тоҷикистон хабар дод, ки сокинони кишвар метавонанд дар масҷидҳо намоз гузоранд, лекин баъд аз як моҳ боз онҳоро баст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.