Ҳабси 3 милиса дар Хуҷанд бо гумони шиканҷаи як боздоштшуда. Як тани дигар фирор кардааст

Бар зидди 4 корманди шуъбаи корҳои дохилӣ (ШКД)-и дар шаҳри Хуҷанд барои шиканҷаи як боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ду нафари онҳо дар ҳабси пешакӣ буда, як нафар таҳти назорат ва нафари чаҳорум дар кофтуков қарор дорад. Дар ин бора Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ хабар додааст. Манбаъ аз боздоштшуда-ҷабрдида Неъмат Ашурматов ном […]

Asia-Plus

Бар зидди 4 корманди шуъбаи корҳои дохилӣ (ШКД)-и дар шаҳри Хуҷанд барои шиканҷаи як боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ду нафари онҳо дар ҳабси пешакӣ буда, як нафар таҳти назорат ва нафари чаҳорум дар кофтуков қарор дорад. Дар ин бора Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ хабар додааст.

Манбаъ аз боздоштшуда-ҷабрдида Неъмат Ашурматов ном бурда, навиштааст, ки ҳодиса 22-юми феврали соли равон рух дода, ӯ бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуда, “дар бинои ШВКД Хуҷанд мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифтааст”.

Эътилоф гуфт, додситонии вилояти Суғд 27 феврали соли 2024 дар робита ба латукӯби Неъмат Ашурматов парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Далели боз кардани парванда санҷиши ин ниҳод дар  Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) гардидааст.

Манбаъ навишт, ки санҷиши тиббӣ дар бадани Неъмат Ашурматов 26 пайи зарбу латро ошкор кардааст.

“Мувофиқи хулосаи ташхиси тиббӣ таҳти №307 аз 27.02.2024 дар бадани Н. Ашурматов осори ҷароҳатҳо пайдо шудааст, ки ба саломатии ҷабрдида хатар надоранд. Ҳамагӣ 23 кабудӣ ва 3 харош, ки аз зарби ашёи сахти кунд ба вуҷуд омадаанд”, – навиштааст ин созмони ҷамъиятӣ.

Эътилофи зиддишиканҷа ва беҷазоӣ навиштааст, ки Додситони вилояти Суғд рӯзи 29-уми апрели соли 2024 бар зидди 4 корманди ШКД Хуҷанд барои “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” (моддаи 316 қисми 3) парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло се нафари онҳо боздошт гардида, як нафар дар кофтуков аст.

Эътилофи зиддишиканҷа Неъмат Ашурматовро бо вакили дифоъ таъмин кардааст.

Ин созмони ҷамъиятӣ аз Додситони вилояти Суғд хостааст, ки кирдори кормандони ШКД дар шаҳри Хуҷанд “аз нав баҳо дода шуда”, моддаи онҳо аз “баромадан ба ҳадди ваклоати мансабӣ” (моддаи 316 қисми 3) ба “шиканҷа”  (моддаи 143 прим.1) иваз карда шавад. Вале  дар дархости вакилон рад карда шуда, ҳоло тафтиши парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 316 идома дорад.

Моддаи 316-и Кодекси ҷиноятӣ барои баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ҷарима ё то 10 сол зиндонро пешбинӣ мекунад. Вале моддаи 143 иловаи 1 барои шиканҷа аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ навиштааст, ки яке аз гумонбарон бо исми Нарзуллозода, муовини пешини сардори ШКД дар шаҳри Хуҷанд ва се тани дигар зердастони ӯ мебошанд.

Назари кормандони милитсияи Хуҷанд ва наздиконашон ба иттиҳом маълум нест.

Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд моҳи августи соли равон дар бораи дастгир шудани муовини пешини сардори ШКД дар шаҳри Хуҷанд гуфтааст, ки “ба ҷуз иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ, муовини пешини сардори ШКД-и Хуҷанд ба қаллобӣ ҳам гумонбар аст”.

Тафтиши ин парванда ба куҷо расидааст, ҳоло маълум нест.

Солона даҳҳо боздоштшуда ва ё наздикони онҳо аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳо шикоят мекунанд. Мақомот дар бештари маврид вуҷуди шиканҷаро рад намуда, танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ нисбат ба кормандони милиса парванда боз мекунанд.

Аз ҷумла, моҳи июли соли равон Додгоҳи вилояти Хатлон Шамшод Шарифзода, Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматов, кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлобро ба “боздошти худсарона ва шиканҷа”-и Абдуқаҳҳор Розиқов як сокини шаҳри Кӯлоб айбдор дониста, ҳар кадоми онҳоро ба 14-солии зиндон маҳкум кард.

Абдуқаҳҳор Розиқов шаби 2-юми январи соли 2023 аз тарафи маъмурони милиса дастгир шуд ва дар шароити мармуз ҷон дод. Ин ҳодиса боиси эътирози гуруҳе аз сокинони шаҳр гардид.

Он замон ВКД бо нашри изҳорот сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқовро истифодаи зиёди маводи сахттаъсири навъи амфетамин номид. Павйвандонаш ин иттиҳомро рад карда, сабаби марги Розиқовро шиканҷаи кормандони милиса номида буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.