Кӯлоб: Се афсари милиса барои шиканҷа ва марги Абдуқаҳҳор Розиқов 14-солӣ равонаи зиндон шуданд

Додгоҳи вилояти Хатлон Шамшод Шарифзода, Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматов, кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлобро ба “боздошти худсарона ва шиканҷа”-и Абдуқаҳҳор Розиқов айбдор дониста, ҳар кадоми онҳоро ба 14-солии зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад. Ба навиштаи ин расона, ҳукми додгоҳ алайҳи милисаҳо рӯзи 25-уми июл содир шудааст. […]

Asia-Plus

Додгоҳи вилояти Хатлон Шамшод Шарифзода, Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматов, кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлобро ба “боздошти худсарона ва шиканҷа”-и Абдуқаҳҳор Розиқов айбдор дониста, ҳар кадоми онҳоро ба 14-солии зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин расона, ҳукми додгоҳ алайҳи милисаҳо рӯзи 25-уми июл содир шудааст.

Абдуқаҳҳор Розиқов шаби дуюми январи соли 2023 аз тарафи маъмурони милиса дастгир шуд ва дар шароити мармуз ҷон дод.

Ҳусайн Одиназода, додраси додгоҳи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб рӯзи 2-юми август зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, ки се корманди милиса мӯҳлати ҳабсро дар зиндони низомаш сахт пушти сар хоҳанд кард.

“Одиназода гуфт, додгоҳ тасдиқ кард, ки се корманди милиса Абдуқаҳҳор Розиқовро шиканҷа кардаанд ва ӯ дар пайи шиканҷа ҷон бохтааст. Ба гуфтаи ӯ, онҳо пас аз анҷоми мӯҳлати ҳабс 12 соли дигар ҳаққи кор дар мақомоти интизомиро нахоҳанд дошт”, – навиштааст Радиои Озодӣ.

Назари худи маҳкумшудаҳо ва наздикони онҳо маълум нест.

Зикр мегардад, ки яке аз милисаҳои маҳкумшуда аз болои ҳукми додгоҳи минтақаи Кӯлоб ба зинаи болоии додгоҳ шикоят бурдааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи боздошт ва марги Абдуқаҳҳор Розиқов дар Кӯлоб шаби 2-юм ба 3-юми январи соли ҷорӣ иттифоқ афтод ва боиси эътирози гуруҳе аз сокинони шаҳр гардид.

Он замон ВКД бо нашри изҳорот сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқовро истифодаи зиёди маводи сахттаъсири навъи амфетамин номид. Павйвандонаш ин иттиҳомро рад карда, сабаби марги Розиқовро шиканҷаи кормандони милиса номида буданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки солона даҳҳо боздоштшуда ва ё наздикони онҳо аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳо шикоят мекунанд. Мақомот дар бештари маврид вуҷуди шиканҷаро рад намуда, танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ нисбат ба кормандони милиса парванда боз мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио