Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд

Дар Тоҷикистон мавсими “муодираи маводҳои тарфгарӣ” ё ба итилоҳи маъмул "хлопушка" ва "салютҳо" дар соли равон оғоз шудааст. Аллакай, Хадамоти гумруки кишвар аз мусодираи 21 ҳазору 600 адад маводи тарфгарӣ дар вилояти Суғд хабар дод. Ин ниҳод навишт, ин миқдори “хлопушка”-ро аз нақлиёти сабукрави Усмонов Валиҷон ном шахс рзи 29-уми ноябр дарёфт кардаанд ва он […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон мавсими “муодираи маводҳои тарфгарӣ” ё ба итилоҳи маъмул "хлопушка" ва "салютҳо" дар соли равон оғоз шудааст. Аллакай, Хадамоти гумруки кишвар аз мусодираи 21 ҳазору 600 адад маводи тарфгарӣ дар вилояти Суғд хабар дод.

Ин ниҳод навишт, ин миқдори “хлопушка”-ро аз нақлиёти сабукрави Усмонов Валиҷон ном шахс рзи 29-уми ноябр дарёфт кардаанд ва он аз 48 баста маводи тарфгарӣ, ки дохили ҳар баста 10 адад қуттича ва дар ҳар қуттӣ тахминан 45 адад ғилофак иборат буд.

“Ин навъи маводи тарфгарӣ “Трения” ном дошта, истеҳсоли Чин аст, – гуфтааст хадамоти гумрук.

Ба иттилои ин ниҳод, маводро Худойназаров Синдорбек, як сокини Панҷакент бо маслиҳати пешакӣ аз Ҷонибек ном сокини Бӯстон харидорӣ карда, бо мақсади фурӯши он ба Панҷакент интиқол медод.

Маълум нест, ки бар зидди соҳибони маводҳои тарфгарӣ бо кадом модда парванда боз кардаанд ва онҳо чӣ ҷазо гирифтанд.

Қонунгузории Тоҷикистон воридот, паҳн ва истифодаи маводи тарфгариро соли 2008 манъ ва барои он ҷазо пешбинӣ кардааст.

Бояд гуфт, ки бо наздик шудани ҷашни соли нав садои “хлопушка”-ву “салют”-ҳо фазои ороми атрофро халадор мекунанд. Алоқамандони чунин амалҳо бештар кӯдакону наврасонанд, ки аз “таркиш”-и чунин мавод “илҳом” мегиранд ва хурсандӣ мекунанд. Барои бархеҳо садои ин “таркишҳо” писанд несту шикоят мекунанд, аммо бархеи дигар инро мояи хушиву хурсандии кӯдакон медонанд.

Дар гузашта мақомот дар мавриди паёмадҳои таркиши маводҳои тарфгарӣ, ба мисли сӯхтор ва захмӣ шудан одамон хабар дода буданд. Мақомот мегӯянд, маҳз ҳамин чиз сабаб шуд, ки воридот ва истифодаи онро дар кишвар манъ кунанд.

 

Барои вориду паҳн кардани “салюту хлопушка” ҷазо чист?

Қонунгузории Тоҷикистон воридот, паҳн ва истифодаи маводи тарфгариро соли 2008 манъ ва барои он ҷазо пешбинӣ кардааст.

Дар асоси моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дар ҳудуди кишвар аз 7200 то 36 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ду соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳарчанд дар қонунгузорӣ мафҳуми машаххасе бо номи “хлопушка” ва “салют” нест, вале мақомот мегӯянд, дар инҷо калимаи оташфаввора – “салют” ва капсула- “хлопушка” мебошад.

 

Барои истифода чӣ?

Ба ҷуз аз Кодекси ҷиноятӣ, ҳамчунин дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар низ ба ҷуз ворид намудан ва фурӯши маводи тарфгарӣ, инчунин дар бораи харидан, нигоҳ доштан, фурӯхтан ва истифодаи маводи тарфгарӣ муқаррарот пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи моддаи 467, қисми 2-и Кодекси мазкур, барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Тоҷикистон харидан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ то 20 дона “салют” ва то 50 дона “хлопушка” ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ба шахсони воқеӣ ба маблағи аз 20 то 30 (аз 1200 то 1800) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 3 то 6 ҳазор сомонӣ) бо мусодираи маводҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Аз ин бармеояд, ки барои истифодаи ҳаато 1 дона маводи тарфгарӣ ё ба истилоҳи маъмул “хлопушка” ва “салют”-ҳо метавонанд шаҳрвандонро ба маблағи то 1800 сомонӣ ҷарима кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.