Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд

Ҳудуди 4 рӯз мешавад, ки ҳайати ҳукумати “Толибон” бо раҳбарии муовини сарвазири ҳукумати муваққати Афғонистон оид ба масъалаҳои маъмурӣ Абдулсалом Ҳанафӣ дар Ӯзбекистон қарор доранд, хабар медиҳад хабаргузории “Ферғона”. Ҳайати «Толибон» 30-юми ноябр ба Ӯзбекистон рафта буданд ва ду рӯзи охир аз шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд ди дан карданд. Аз ин пештар Ҳанафӣ бо сарвазири […]

Asia-Plus

Ҳудуди 4 рӯз мешавад, ки ҳайати ҳукумати “Толибон” бо раҳбарии муовини сарвазири ҳукумати муваққати Афғонистон оид ба масъалаҳои маъмурӣ Абдулсалом Ҳанафӣ дар Ӯзбекистон қарор доранд, хабар медиҳад хабаргузории “Ферғона”.

Ҳайати «Толибон» 30-юми ноябр ба Ӯзбекистон рафта буданд ва ду рӯзи охир аз шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд ди дан карданд.

Аз ин пештар Ҳанафӣ бо сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орифов, муовини ӯ Ҷамшид Хоҷаев ва муфтии Ӯзбекистон Нуриддин Холиқназаров мулоқот карданд.

Дар мулоқотҳо масъалаҳои тақвияти робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуданд. Ҳайати ҳукумати “Толибон” умедворӣ кардаанд, ки ҳамкории онҳо бо Тошканд дар соҳаҳои мухталиф тақвият ёфта, васеъ хоҳад шуд.

Тибқи иттилои “AmuTV” дар мулоқот бо Ҷамшид Хоҷаев, Абдулсалом Ҳанафӣ аз Ӯзбекистон хостааст, ки ҳамкориро дар соҳаҳои саноати маъданӣ, савдо, кишоварзӣ ва нақлиёт тақвият диҳад.

Ҷамшид Хоҷаев дар навбати худ тасдиқ кард, ки Ӯзбекистон омода аст дар доираи ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои маъданӣ, рушди кишоварзӣ, савдо ва мусоидат ба транзити молҳо бо Афғонистон ҳамкорӣ кунад.

Мувофиқи маълумоти “Qalampir.uz”, ҳайати “Толибон” ҳамроҳии намояндаи вижаи Президенти Ӯзбекистон дар Афғонистон Исматилло Иргашев аз шаҳри Бухоро дидан кардаанд.

«Мақомоти Ӯзбекистон то ҳол мулоқотро шарҳ надодаанд. Ин дар  ҳолест, ки номи Ҳанафӣ дар рӯйхатси сиёҳи СММ ворид шудааст, ки маънои онро дорад, ки ба ӯ манъ аст, ки ба хориҷ сафар кунад», — қайд мекунад AmuTV.

Мақомоти расмии Ӯзбекистон то ҳол дар бораи сафари ҳайати “Толибон” ба кишвар иттилое пахш накардаанд. Танҳо ҳокимияти (маъмурияти) вилояти Самарқанд, ки онҳо рӯзи 2-юми декабр дар онҷо буданд, дар бораи сафари онҳо ба ин шаҳр хабар доданд.

Дар гузашта Абдулло Орифов низ бо як ҳайат ба Афғонистон рафта, бо роҳбарони ҳукумати "Толибон" мулоқот крада буд.

Аз миёни ҳамсоякишварҳои Афғонистон танҳо Тоҷикистон аз замони дигарбора қудратро ба даст гирифтани Толибон дар ин кишвар аз ин гурӯҳ интиқод мекунад ва борҳо хостори ташкили ҳукумати ҳамашумул дар ҳамсоякишвар шуда буд.

Аммо вақтҳои охир мақомдорони Толибон аз диду боздидҳои намояндагони Тоҷикистон бо ин гурӯҳ хабар медиҳанд.

Чанде пеш Ҳамдуллоҳи Фитрат, муовини сухангӯи гурӯҳи Толибон* гуфта буд, ҳайати ду тараф дар ин авохир рафтуомад доштанд. Вале ӯ дақиқ нагуфт, ки ин рафтуомадҳо кай ва чӣ гуна сурат гирифтаанду киҳо дар он ширкат доштаанд..

Тоҷикистон то ҳол ба ин гуфтаҳои мақомдорони гурӯҳи Толибон вокуниш накардааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио