Варзишгарони тоҷик аз “Tokyo Grand Slam 2024” бо як медали биринҷӣ бармегарданд

Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи байналмилалии ҷудои “Tokyo Grand Slam 2024” (“Тоскулоҳи бузург”), ки рӯзҳои 7 ва 8-уми декабр дар Ҷопон баргузор шуд, танҳо як медалӣ биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин мусобиқот, ки Тоҷикистонро 4 ҷудокор намояндагӣ мекард, Обед Ҷебов дар вазни то 66 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Обид Ҷебов, ки дар даври […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи байналмилалии ҷудои “Tokyo Grand Slam 2024” (“Тоскулоҳи бузург”), ки рӯзҳои 7 ва 8-уми декабр дар Ҷопон баргузор шуд, танҳо як медалӣ биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқот, ки Тоҷикистонро 4 ҷудокор намояндагӣ мекард, Обед Ҷебов дар вазни то 66 кг медали биринҷӣ ба даст овард.

Обид Ҷебов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Маттиа Миселии итолиёвиро шикаст дод. Баъдан вай дар даври чаҳорякниҳоӣ ба Роналд Лимаи бразилӣ дастболо шуд. Аммо паҳлавони тоҷик дар даври ниманиҳоӣ аз Таикоҳ Фуҷисакаи ҷопонӣ мағлуб гардид. Ҷебови 26-сола дар мубориза барои медали биринҷӣ бар Ҳината Онои 20-солаи ҷопонӣ ғалаба кард.

Ҷудокорони дигар, Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг, Умед Раҷабов дар вазни то 90 кг ва Виктория Киселёва дар вазни ҷамъи 78 кг дар ин мусобиқа бенасиб монданд.

Ҳамин тавр, варзишгарони тоҷик охирин мусобиқаи байналмиллалии куштии ҷудо дар соли 2024-ро бо як медали биринҷӣ ба охир расонданд. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ ва як ҷойи панҷум зинаи ҳафтумро соҳиб шуд.

Бояд гуфт, барои варзишгароне, ки дар мусобиқти байналмиллалии “Гранд Слами Токио” медали тилло мегиранд, 4000 евро ва барои мураббии ӯ 1000 евро ҷоизапулӣ муайян шуда буд. Барои барандаҳои медали нуқра 2400 евро ва барои мураббиёнашон 600 евро ҷоизапулӣ маълум шуда буд. Соҳибони медалҳои биринҷӣ 1500 евро ва мураббиҳои онҳо 300 евро бояд мегирифтанд.

Ҳамчунин, варзишгароне, ки дар ин мусобиқа ҷоиза мегиранд, барои рейтингҳои байналмиллалии худ хол ҳам ба даст меоранд. Ҷудокороне, ки медали тилло мегиранд, 1000 имтиёз, медали нуқра 700 имтиёз ва медали биринҷӣ 500 имтиёз мегиранд. Онҳое, ки ҷойҳои 5 ва 7-умро соҳиб мешаванд, мутаносибан 360 ва 260 хол ба даст меоранд.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта Тоҷикистон дар мусобиқаи “Тоскӯлоҳи Бузурги Токио” медал ба даст оварда натавонист. Ба хайати мунтахаби кишвар даҳ варзишгар шомил буд. Аз ҳама натиҷаи беҳтарро Сомон Маҳмадбеков нишон дода, дар вазни то 81 килограм чои панчумро гирифта буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.