Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе

Шаби 24-уми декабр дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 4 узви як оила аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода навиштааст, ки осебдидагон дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи №3 пойтахт таҳти назорати духтурон қарор доранд. Манбаъ аз осебдидагон ном нагирифта афзудааст, ки модари хонадон 33 сол дошта, ҳамроҳи фарзандони […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Шаби 24-уми декабр дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 4 узви як оила аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода навиштааст, ки осебдидагон дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи №3 пойтахт таҳти назорати духтурон қарор доранд.

Манбаъ аз осебдидагон ном нагирифта афзудааст, ки модари хонадон 33 сол дошта, ҳамроҳи фарзандони 13-сола, 10-сола ва 4-солааш заҳролуд шудаанд.

Сабаби заҳролудшавӣ “риоя накардани қоидаҳои бехатарии истифода аз ангишт” гуфта мешавад.

Ин ниҳод бори дигар ба шаҳрвандони кишвар муроҷиат карда гуфтааст, ки ҳангоми истифода аз ангишт барои гарм кардани хонаҳо эҳтиёткор бошанд ва дудбарои оташдонҳояшонро назорат кунанд.

Бояд гуфт, ки дар 10 рӯзи охир ин аллакай дуюм ҳолати заҳролудшавии сокинон аз дуди ангишт мебошад. Як ҳафта қабл дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар ноҳияи Шаҳристон 2 кӯдаки 6 ва 13-сола ба ҳалокат расида, 2 тани дигар да ҳолати вазнин дар беморхона қарор доштанд. Ҳамаи онҳо узви як оила буданд.

Ин ниҳод қаблан низ таъкид карда буд, ки “огоҳиву ҳушдорҳо дар мавриди истифода аз ангишт, ҳезум, асбобҳои барқӣ ба гӯши баъзеҳо намерасад. Беаҳмиятиву беназоратиҳо ин гуна фоҷеаҳои мудҳишро ба дунбол доранд”.

Бояд гуфт, ки ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт ва таппак гарм мекунанд. Дар баъзе маврид риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси заҳролудшавии сокинон мегардад. Солҳои гузашта ҳам чандин нафар аз дуди ангишт дар хонаҳояшон заҳролуд шуда ба ҳалокат раисиданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.