Нашъамандӣ коҳиш, аммо ҷинояти марбут ба маводи мухаддир афзоиш ёфтааст

Дар Тоҷикистон нашъамандӣ миёни сокинон коҳиш ёфтааст аммо ҷинояти матбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зиёд шудааст. Дар ин бора Самад Зафар, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матуботӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 4 ҳазору 14 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон нашъамандӣ миёни сокинон коҳиш ёфтааст аммо ҷинояти матбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зиёд шудааст.

Дар ин бора Самад Зафар, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матуботӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 4 ҳазору 14 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2023 (4160 нафар) 146 нафар ё 3,5% камтар аст.

Аз ин теъдод 110 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Тибқи маълумоти ин ниҳод, дар кишвар ба ҳар 100 ҳазор нафар аҳолӣ 40,1 нашъаманд рост меояд. Таъкид карда шуд, ки дар доираи татбиқи стратегияи миллии назорати маводи нашъаовар барои солҳои 2021-2030 сатҳи нашъамандӣ коҳиш ёфтааст ва тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷумҳурӣ шумораи шахсони сабтшуда дар марказҳои дармонӣ нисбат ба соли гузашта 146 нафар кам шудааст.

Ҳамчунин, тибқи маълумоти ин ниҳод дар соли 2024 дар Тоҷикистон 839 ҷинояти марбут ба маводи мухаддир сабт шудааст, ки ин нисбат ба соли 2023 140 ҳолат ё 20% бештар мебошад.

Зафар Самад гуфт, ин 3,8% аз шумораи умумии ҷиноятҳоро ташкил медиҳад.

Ҳамагӣ дар соли 2024 дар кишвар 22 314 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта (21 319 ҷиноят) 995 ҳолат зиёдтар мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.