Муҳлати боздошти муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” барои як моҳи дигар дароз карда шуд

Чаҳор гумонбари аслии ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар канораи Маскав, ки як сол пеш, 22-юми марти соли 2024 рух дод, барои як моҳу ду рӯзи дигар, яъне то солгарди ин ҳодиса, дар боздошт хоҳанд монд. Қарори тамдиди муҳлати боздошти гумонбарон Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин, ки ҳамагӣ […]

Asia-Plus

Чаҳор гумонбари аслии ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар канораи Маскав, ки як сол пеш, 22-юми марти соли 2024 рух дод, барои як моҳу ду рӯзи дигар, яъне то солгарди ин ҳодиса, дар боздошт хоҳанд монд.

Қарори тамдиди муҳлати боздошти гумонбарон Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин, ки ҳамагӣ шаҳрванди Тоҷикистонанд, дирӯз, 19-уми феврал, аз ҷониби додгоҳи басманнийи шаҳри Маскав содир шуд. Мурофиаи додгоҳӣ пӯшида баргузор гардид ва сабаби тамдиди мӯҳлати боздошт шарҳ дода нашуд.

Тибқи ин қарор, ҳамаи онҳо то 24-уми марти соли 2025 дар ҳабси пешакӣ боқӣ мемонанд.

Ҳамчунин, додгоҳ ба дархости вакили дифои Саидакрам Раҷабализода барои тағйири чораи пешгирӣ ҷиҳати анҷоми амалҳои мушаххас, посухи рад додааст.

Ин бори чорум аст, ки додгоҳ ҳабсии пешакии гумонбарони аслии ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-ро тамдид мекунад.

Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” рӯзи 22-юми марти соли 2024 рух дод. Бар асари он 146 нафар кушта ва 551 каси дигар захмӣ шудаанд.

Моҳи майи соли 2024 ХБФ-и Русия аз боздошти 20 нафар, аз ҷумла, гумонбарони ин ҳодиса ва ҳамдастони онҳо хабар дод. Баъдан дар моҳи октябр мақомоти рус эълом карданд, ки шохаи “ДОИШ-Хуросон” дар ин ҳамла даст доштааст.

Дертар Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия эълом кард, ки дар иртибот ба ҳамлаи террористӣ ба "Крокус"-и Маскав 27 нафар гумонбар дониста мешаванд.

Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани гумонбарони амали террористиро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод карданд. Чаҳор гумонбарии аслии  боздоштшуда дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.

Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир  Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.

Ҳамчунин, чанде қабл Додситонии Истанбул (Туркия) барои панҷ шаҳрванди хориҷӣ, ки тибқи иттилои тафтишот, бо гумонбарони аслии ҳамлаи "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав дар тамос буданд, аз 7,5 то 15 соли зиндон талаб кард.

Баъди ҳамлаи террористӣ фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд. Ҷониби Тоҷикистон дар пайи фишорҳои ахир болои шаҳрвандонаш дар Русия чандин бор изҳори нигаронӣ кард ва ба сафири ин кишвар дар Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супорид.

Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.