Нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел боло меравад

Таърифаҳо (тарифҳо)-и истифодаи нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон ва дигар истеъмолгарони он шуруъ аз 1-уми апрели соли 2025 боло меравад. Аз ҷумла аҳолӣ барои истифодаи 1 киловатт-соат нерӯи барқ ба ҷои 30,75 дирами ҳозира 35,36 дирам месупоранд. Дар ин бора қарори ҳукумати кишвар аз 11-уми март №165 қабул шудааст, ки нусхаи онро рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Таърифаҳо (тарифҳо)-и истифодаи нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон ва дигар истеъмолгарони он шуруъ аз 1-уми апрели соли 2025 боло меравад. Аз ҷумла аҳолӣ барои истифодаи 1 киловатт-соат нерӯи барқ ба ҷои 30,75 дирами ҳозира 35,36 дирам месупоранд.

Дар ин бора қарори ҳукумати кишвар аз 11-уми март №165 қабул шудааст, ки нусхаи онро рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр кардааст. Дар Вазорати энергетика ва зихараҳои оби Тоҷикистон низ ба “Азия-Плюс” қабули чунин қарорро тасдиқ карданд.

Истеъмолгарони нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба категория бо таърифаҳои гуногун тақсим мешаванд, ки барои истифодаи барқ аз 1-уми апрели соли 2025 бо тариқи зайл маблағ пардохт мекунанд:

–   барои аҳолӣ – 35,36 дирам (ҳоло 30,75 дирам аст);

– барои истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 35,36 дирам (ҳоло 26,51 дирам аст);

– барои пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ аз 1-уми апрел то 30-юми сентябр – 12,27 дирам (ҳоло 9,2 дирам аст) ва аз 1-уми октябр то 31-уми март – 35,36 дирам (ҳоло 26,51 дирам аст);

– барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ – 12,27 дирам (ҳоло 9,2 дирам аст);

– барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия) – 16, 81 дирам (ҳоло 12,6 дирам аст);

– барои “Комбинати металлургии Тоҷикистон” аз 1-уми май то 30-юми сентябр – 14,19 дирам (ҳоло 10,64 дирам аст) ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел – 80,90 дирам (ҳоло 60,65 дирам аст);

– барои муассисаҳои ғайрибуҷетии соҳаи маориф – 60,70 дирам (ҳоло 45,51 дирам аст);

– барои Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) – 20, 77 дирам (ҳоло 18,06 аст);

– барои Ҷамъияти саҳомии “Азот” – 35,36 дирам (ҳоло 30,75 дирам);

– барои корхонаҳои насоҷиии коркарди нахи пахта – 40, 45 дирам.

Бояд гуфт, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон таърифаҳои нерӯи барқ аз ҷониби ҳукумати кишвар тасдиқ карда мешавад. Бори охир таърифаҳои неруи барқ дар кишвар аз 1 –уми январи соли 2024 ба андозаи 16% боло рафта буд. Аз ҷумла, аҳолӣ барои 1 киловатт-соат барқ ба ҷои 26,51 дирам 30,75 дирам пардохт мекунанд.

Дар бораи баланд шудани нархи барқ дар соли 2025 қаблан, Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ва “Барқи тоҷик” хабар дода буданд. Аз ҷумла, Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” гуфта буд, ки ин ниҳод дар бораи боло бурдани нархи истифодаи барқ ба ҳукумат пешниҳод манзур кардааст.

Ёдовар мешавем, ки таърифаҳои нерӯи барқ то соли 2016 танҳо дар солҳои ҷуфт ва баъдан ҳамасола боло бурда шуданд.

Танҳо дар солҳои 2020-2021 ҳукумат тасмим гирифт, ки бинобар сабаби вазъияти душвори иҷтимоӣ-иқтисодии марбут ба оқибатҳои пандемия, аз боло бурдани нархҳо худдорӣ кунадд.

Боло бурдани таърифаҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки норасоии нерӯи барқ аз мушкилоти мубрами кишвар ба шумор меравад. Ҳар сол бо фарорасии сардиҳо дар навоҳии Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ мешавад, вале сокинон шикоят мекунанд, ки аз соатҳои расман муқарраргардида камтар барқ мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.