Дар пайи ҳамлаҳои Амрико ба мавзеъҳои ҳусиҳои Яман беш аз 50 нафар кушта шудаанд

Расонаҳои арабӣ бо таакя ба мақомоти беҳдоштии Яман хабар додаанд, ки дар пайи ҳамлаҳои Амрико ба ин кишвар, дасти кам 53 нафар кушта шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар миёни кушташудаҳо ғайринизомиён зиёданд. То кунун кушта шудани 2 кӯдак ва 5 зан ҳам таъйид шудааст. Теъдоди маҷруҳон наздики 100 нафар гуфта мешавад. Ҳамлаҳои Амрико ба мавзеъҳои […]

Расонаҳои арабӣ бо таакя ба мақомоти беҳдоштии Яман хабар додаанд, ки дар пайи ҳамлаҳои Амрико ба ин кишвар, дасти кам 53 нафар кушта шудаанд.

Ба гуфтаи онҳо, дар миёни кушташудаҳо ғайринизомиён зиёданд. То кунун кушта шудани 2 кӯдак ва 5 зан ҳам таъйид шудааст. Теъдоди маҷруҳон наздики 100 нафар гуфта мешавад.

Ҳамлаҳои Амрико ба мавзеъҳои ҳусиҳо дар Яман бо дастури Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 15-уми март оғоз шуд. Ба навиштаи ББС, Амрико иддаъо кардааст, ки чанд мақомдори ҳусиҳоро дар ҳамлаҳои худ куштааст.

Тибқи иттилои расонаҳои арабӣ, дар вокуниш ба ин ҳамлаҳо ҳусиҳои Яман ба нови ҳавопаймобари амрикоиҳо ҳамла кардаанд. Амрико ин хабарро то кунун тасдиқ накардааст.

Абдулмолик Ҳусӣ, раҳбари ҳусиҳо гуфтааст, ки то Амрико ҳамлаҳои худ ба Яманро боз надорад, онҳо киштиҳои тиҷоратии амрикоиро дар Баҳри Сурх ҳадаф қарор хоҳанд дод.

Ба навиштаи расонаҳо, ин бузургтарин ҳамлаи Амрико дар Ховари Миёна баъди дигарбора рӯйи кор омадани Доналд Трамп ба маснади раёсатҷумҳурии Амрико аст.

Бояд гуфт, Амрико шӯришиёни ҳусиро гурӯҳи террористӣ медонад ва иддао мекунад, ки пас аз оғози ҷанг дар навори Ғазза ин гурӯҳ ба киштиҳои ин кишвар дар баҳри Сурх ҳамла мекунад.

Хусиҳо гурӯҳи шӯришгаронеанд, ки беш аз бист сол ин ҷониб дар Яман фаъоланд ва соли 2011 дар барканории Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раиси ҷумҳури ин кишвар нақши умда доштанд. Айни ҳол онҳо минтақаҳоеро дар Яман зери назорат доранд. Онҳо аз Ғазза ҷонибдорӣ мекунанд ва Исроилро маҳкум менамоянд. Баъди оғози бомбборони Ғазза аз сӯйи Исроил, ҳусиҳо пайваста киштиҳои тиҷоратии ин кишварро зери ҳамла қарор медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.