Парвози аввалин ҳавопаймо аз Бишкек ба Хуҷанд

Дирӯз, 16 март аввалин парвози ҳавопаймоӣ дар масири Бишкек-Хуҷанд-Бишкек анҷом ёфт. Ҳайати расмии Қирғизистон ва журналистону блогеронро намояндагони расмии Тоҷикистон пешвоз гирифта, меҳмондорӣ карданд. Ҳавопаймои ширкати қирғизии “Asman Airlines” дирӯз пас аз нисфирӯзӣ ба шаҳри Хучанд фуруд омад. Меҳмононро дар фурудгоҳ намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳукумати вилояти Суғд ва фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд пешвоз […]

Дирӯз, 16 март аввалин парвози ҳавопаймоӣ дар масири Бишкек-Хуҷанд-Бишкек анҷом ёфт. Ҳайати расмии Қирғизистон ва журналистону блогеронро намояндагони расмии Тоҷикистон пешвоз гирифта, меҳмондорӣ карданд.

Ҳавопаймои ширкати қирғизии “Asman Airlines” дирӯз пас аз нисфирӯзӣ ба шаҳри Хучанд фуруд омад. Меҳмононро дар фурудгоҳ намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳукумати вилояти Суғд ва фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд пешвоз гирифтанд.

Дар доираи сафар меҳмон аз осоишгоҳи “Баҳористон, “Баҳри тоҷик”, қасри Арбоб ва қалъаи Хуҷанд боздид намудаанд. Ҳавопаймо бо ҳайати Қирғизистон шоми дирӯз ба Бишкек баргашт.

Ба иттилои Kaktus.media, хатсайри маъмулӣ дар масири Бишкек-Хуҷанд-Бишкек 8 апрел оғоз шуда, ҳафтае як маротиба, рӯзҳои сешанбе анҷом мешавад.

Бояд гуфт, субҳи 14 март аввалин парвози ҳавопаймоӣ аз Душанбе ба Бишкек ва баръакс баъд аз 4 соли таваққуф дубора анҷом ёфт.

Мусофирони ҳавопаймои ширкати “Сомон-Эйр” ҳайати расмии Тоҷикистон, журналистону блогерон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ буданд. Парвоз дар масири Душанбе-Бишкек-Душанбе анҷом ёфта, ҳайати Тоҷикистон ҳамон рӯз пас аз нисфирӯзӣ ба Душанбе баргаштанд.

Ба иттилои ширкати “Сомон-Эйр”,  хатсайри маъмулӣ байни ду кишвар 23 март оғоз шуда, ҳафтае як маротиба, рӯзҳои якшанбе анҷом мешавад. 

Ёдовар мешавем, парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбе ва Бишкек моҳи майи соли 2021 бо сабаби маҳдудияти ҷониби Қирғизистон ба вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон мутаваққиф шуда буд.

Рӯзи 25 майи соли 2021, тақрибан ба 200 мусофири парвози чартерии «Сомон Эйр» иҷозати вуруд ба Қирғизистон надоданд ва маҷбур шуданд дубора ба Душанбе баргарданд. Моҳи июни соли 2021, ҳукумати Қирғизистон расман марзҳо бо Тоҷикистон баст, ки ин  ба қатъи парвозҳо байни ду кишвар низ дахл дошт.

Азнавсозии парвозҳои ҳавоӣ байни ду кишвар пас аз имзои созишномаи ниҳоии марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ва боз шудани марз имконпазир гашт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.