Хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи “Суғд-500” то зеристгоҳи “Датка” барои истифода омода шудааст

Дар Вазорати энергетика мегӯянд, эҳтимол аст дар доираи нахустин нишасти сеҷонибаи раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон хати интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи барқии “Датка”-и Қирғистон то зеристгоҳи “Суғд-500”-и Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Вазорати энергетикаи кишвар навиштааст, ки Манучеҳр Сафарзода ва Назгул Усенова, муовинони вазирони энергетикаи Тоҷикистон Қирғизистон рӯзи 14-уми март дар як вохӯрӣ […]

Дар Вазорати энергетика мегӯянд, эҳтимол аст дар доираи нахустин нишасти сеҷонибаи раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон хати интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи барқии “Датка”-и Қирғистон то зеристгоҳи “Суғд-500”-и Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

Вазорати энергетикаи кишвар навиштааст, ки Манучеҳр Сафарзода ва Назгул Усенова, муовинони вазирони энергетикаи Тоҷикистон Қирғизистон рӯзи 14-уми март дар як вохӯрӣ масъалаи ба истифодадиҳии хати мазкурро баррасӣ кардаанд.

Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба “Азия – Плюс” гуфтанд, ки сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи барқии “Суғд-500” то зеристгоҳи “Датка” пурра ба анҷом расидааст.

Дар ин ниҳод мушаххас нагуфтанд, ки хати мазкур кай ба истифода дода мешавад, танҳо гуфтанд, ки “эҳтимол аст дар доираи нахустин нишасти сеҷонибаи раисҷумҳурони се кишвар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки дар Хуҷанд баргузор мешавад, ба кор дарояд”.

Бояд гуфт, ки хати мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 сохта шудааст. Дар татбиқи лоиҳаи мазкур кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон ширкат доранд.

Қаблан вазири энергетикаи Тоҷикистон гуфта буд, ки тибқи созишномаҳо байни кишварҳои иштирокдори лоиҳа, давоми 10 соли пас аз мавриди истифода қарор гирифтани хатти CASA-1000, интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон танҳо дар мавсими тобистон – аз моҳи май то сентябр сурат мегирад.

Бояд гуфт, ки дар лоиҳаи Central Asia – South Asia – 1000 (CASA-1000) сохтмони хати фаромарзии интиқоли барқ, ки тариқи он интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон сурат мегирад, пешбинӣ мекунад.

Маросими расмии оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000 моҳи майи соли 2016 бо иштироки сарони давлат ва ҳукуматҳои чор кишвари иштирокчии лоиҳа дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон баргузор шуд.

Арзиши умумии сохтмони хати интиқоли барқи мазкур бо масофаи 1,4 ҳазор километр дар маҷмӯъ ҳудуди 1,2 млрд долларро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.