Борони пуршиддат меборад. Ҳушдори КҲФ аз хатари омадани сел ва тармафароӣ

Рӯзҳои истироҳатӣ, аз 5 то 7-уми апрел бар асари боридани борони пуршиддат дар як қатор ноҳияҳои куҳии Тоҷикистон хатари омадани сел пешбинӣ мешавад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Суғд, баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби […]

Asia-Plus

Рӯзҳои истироҳатӣ, аз 5 то 7-уми апрел бар асари боридани борони пуршиддат дар як қатор ноҳияҳои куҳии Тоҷикистон хатари омадани сел пешбинӣ мешавад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Суғд, баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ноҳияи Дарвоз) омадани сел дар назар аст.

Ҳамчунин, дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ хатари тармафароӣ вуҷуд дорад.

Дар робита ба ин, кумита шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро ҳушдор медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба соҳили дарёву кӯлҳо, саёҳат ва гаштугузорҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

“Кумита аз ронандагон хоҳиш мекнад ҳангоми ҳаркат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ, бахусус ағбаҳо эҳтиёт кунанд, фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд. Суръати ҳаракатро боло набаранд”, – огоҳ кардааст КҲФ.

Ҳамчунин, ин ниҳод ба сокинони ноҳияҳои кӯҳӣ тавсия додааст, ки дар ин рӯзҳо ба ҷамъоварии занбӯруғ, растаниҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар натиҷаи боридани борону барф дар кишвар селу ярч меояд, ки боиси хароб гардидани хонаву дар, боғу киштзор ва дар баъзе ҳолатҳо марги одамон мегардад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.