Қурби доллар дар Тоҷикистон ба поинравӣ оғоз кард

Қурби расмии доллари ИМА, ки ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муқаррар карда мешавад, тайи ду рӯзи ахир ба андозаи 0,3% – аз 10,91 то 10,88 сомонӣ барои 1 доллар поин рафт. Асъори амрикоӣ пас аз беқурбшавии рӯзи 27-28 март ба андозаи 0,5%, рӯзи 2 апрел то сатҳи 10,91 сомонӣ барқарор шуд, аммо тайи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қурби расмии доллари ИМА, ки ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муқаррар карда мешавад, тайи ду рӯзи ахир ба андозаи 0,3% – аз 10,91 то 10,88 сомонӣ барои 1 доллар поин рафт.

Асъори амрикоӣ пас аз беқурбшавии рӯзи 27-28 март ба андозаи 0,5%, рӯзи 2 апрел то сатҳи 10,91 сомонӣ барқарор шуд, аммо тайи шабонарӯзи ахир қурби он боз поин рафт.

Ба сурати умум қурби доллар нисбат ба сомонӣ тайи 5 моҳ дар ҳудуди 10,87-10,95 тағйир меёбад.

Ёдрас мекунем, ки тағйирёбии назаррасии қурби доллар нисбат ба сомонӣ ахиран охири моҳи ноябр – аввали моҳи декабри соли гузашта ба қайд гирифта шуд, ки он замон қурби доллар нисбати сомонӣ ба андозаи қариб 3% (аз 10,63 то 10,93 сомонӣ) боло рафт.

Талабот ба асъори амрикоӣ дар Тоҷикистон тайи се соли ахир ба таври назаррас коҳиш ёфт: то соли 2022 нуқтаҳои мубодилаи асъор давра ба давра ба камбуди шадиди доллар дучор мешуданд.

Вазъият дар натиҷаи тадриҷан ба рубл гузаштани савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Русия баъди оғози даргириҳои мусаллаҳона байни Русия ва Украина тағйир ёфт.

Қурби доллар нисбат ба сомонӣ аз моҳи феврали соли 2022 ба андозаи 3,7% – аз 11,30 сомонӣ то 10,88 сомонӣ дар имрӯз поин рафт.

Қобили зикр аст, ки Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, дар соли 2024 беш аз 22%-и савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба ин кишвар рост меомад. Ҳудуди 95,2% аз ҳаҷми савдои дуҷонибаро воридоти молу маҳсулоти аз Русия ба Тоҷикистон ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, зиёда аз 90%-и гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Русия дар соли 2024 бо истифода аз рубл сурат гирифтааст.

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 17 март аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав изҳор дошт, ки кишварҳо амалан аз истифодаи асъори хориҷӣ дар ҳисоббаробариҳои мутақобила даст кашида, ҳиссаи рубл дар муомилоти дуҷониба ба зиёда аз 97% расид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.