Эмомалӣ Раҳмон гуфт, содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупоро густариш медиҳанд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нахустин ҳамоиши “Осиёи Марказӣ–Иттиҳоди Аврупо”, ки имрӯз, 4-уми апрел дар Самарқанд баргузор шуд, гуфт, содироти маҳсулот аз Тоҷикистонро ба бозорҳои Аврупо густариш медиҳанд. Ӯ ҳамчунин аз Иттиҳоди Аврупо даъват кардааст, ки дар доираи ташаббуси “Дарвозаҳои глобалӣ” дар бунёд ва таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон, саҳм гузорад. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нахустин ҳамоиши “Осиёи Марказӣ–Иттиҳоди Аврупо”, ки имрӯз, 4-уми апрел дар Самарқанд баргузор шуд, гуфт, содироти маҳсулот аз Тоҷикистонро ба бозорҳои Аврупо густариш медиҳанд.

Ӯ ҳамчунин аз Иттиҳоди Аврупо даъват кардааст, ки дар доираи ташаббуси “Дарвозаҳои глобалӣ” дар бунёд ва таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон, саҳм гузорад.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси ҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамош инчунин, оид ба имконоту захираҳои табии кишвар, иқтидорҳои соҳаҳои саноат, энергетика ва кишоварзӣ сухан гуфта, изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ба ҷалби сармояҳо, харидории технологияҳои нав ва истифодаи таҷрибаи ширкатҳои аврупоӣ таваҷҷӯҳ дорад.

Раиси ҷумҳур аз афзудани талаботи аҳолӣ ба барқ гуфта, таъкид кардааст, ки дар сатҳи минтақа ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаи “сабз” муҳим мебошад.

“Барои Тоҷикистон бахши энергетика, яъне манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки ба он гидроэнергетика низ шомил аст, на танҳо барои қонеъ кардани ниёзҳои иҷтимоию иқтисодии миллӣ, балки барои рушди минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ низ муҳим аст”, – гуфтааст роҳбари давлат.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки “мо дар асоси Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” то соли 2032 истеҳсоли энергияро дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда ба роҳ монда, то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил медиҳем”.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оиди тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла кушодани филиалҳои донишгоҳҳои аврупоӣ дар Тоҷикистон ва зиёд кардани квотаҳо дар донишгоҳҳои Аврупо барои донишҷӯёни тоҷик изҳори ҳавасмандӣ кардааст.

Ёдрас мешавем, ки ҳамоиши  "Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо" рӯзҳои 3-4 апрел дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар ҳамоиш президентони Шӯрои Аврупо ва Комиссияи Аврупо, роҳбарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ширкат доранд.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин ҳамоиш дирӯз, 3-юми апрел дар шаҳри Самарқанд бо як қатор мақомҳои баландпояи Иттиҳоди Аврупо мулоқот карда ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.