Директори почтаи Ҳисор ба азхудкунии беш аз 100 ҳазор сомонӣ гумонбар аст

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон алайҳи як корманди ниҳоди зертобеъи Хадамоти алоқа барои дуздии беш аз 100 ҳазор сомонӣ пули обуна парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин ниҳод рӯзи 3-юми апрел дар ин бора хабар дода, аз гумонбар Каримова Н.Р. ном бурдаааст. Ба гуфтаи манбаъ, ин зан дар вазифаи директори Маркази алоқаи почтаи шаҳри Ҳисор фаъолият мекард. Мақомот мегӯянд, ӯ […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон алайҳи як корманди ниҳоди зертобеъи Хадамоти алоқа барои дуздии беш аз 100 ҳазор сомонӣ пули обуна парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин ниҳод рӯзи 3-юми апрел дар ин бора хабар дода, аз гумонбар Каримова Н.Р. ном бурдаааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин зан дар вазифаи директори Маркази алоқаи почтаи шаҳри Ҳисор фаъолият мекард.

Мақомот мегӯянд, ӯ 365 ҳазору 178 сомонӣ пули обунаи соҳаи маорифи шаҳри Ҳисор барои солҳои 2024-2025-ро ҷамъ оварда, аз он 103 ҳазору 406 сомонияшро дуздидааст.

Маълум нест, ки гумонбаршуда боздошт шудааст, ё не. Ҳамчунин, назари худи ӯ дар робита ба ин қазия дастрас нестю.

Оҷонсии зиддифасод гуфтааст, ки алайҳи Каримова бо иттиҳоми "азонихудкунӣ ё исрофкорӣ" (моддаи 245 қисми 3 банди “а” КҶ) парвандаи боз гардида,барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Бар асоси ин иттиҳом ба гумонбаршуда ҷарима ё аз 6 то 10 соли зиндон ҷазо таҳдид мекунад.

Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мизи ҳарбӣ ва заминсозӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир ва ҳабс мешаванд.

Ба иттилои Оҷонсии зиддифасод давоми соли 2024-ум 2 ҳазору 323 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст, ки аз ин шумора таҳқиқи 728 парванда анҷом ёфта, ба додгоҳ ирсол гардидааст.

Бояд гуфт, ки тибқи гузориши Созмони байнулмилалии Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал) дар бораи вазъи марбут ба фасод дар ҷаҳон Тоҷикистон дар ин шохис (индекс)-и нави дарки (қабули) “коррупсия” бо 20 имтиёз байни 180 кишвар зинаи 162-юмро ишғол кардааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.