Сокинони кишвар метавонанд як рӯз аз ташхиси тиббии ройгон гузаранд

Дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ, ки ҳамасола рӯзи 7-уми апрел таҷлил мешавад, сокинони кишвар имкон доранд, дар ҳама беморхонаҳо ройгон аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дода навиштааст, ки пагоҳ, 5-уми апрел аз соати 8:00 то 12:00 дар ҳамаи муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои вилоятҳо ва шаҳру […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ, ки ҳамасола рӯзи 7-уми апрел таҷлил мешавад, сокинони кишвар имкон доранд, дар ҳама беморхонаҳо ройгон аз ташхиси тиббӣ гузаранд.

Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дода навиштааст, ки пагоҳ, 5-уми апрел аз соати 8:00 то 12:00 дар ҳамаи муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо  ташхису машваратҳои ройгон барои шаҳрвандон пешбинӣ шудааст.

Ба таъкиди вазорат, дар ин маърака ташхису табобати гаронарзиш истисно буда, маблағи он пардохт мешавад. Вале гуфта нашудааст, ки "ташхису табобати гаронарзиш" кадомҳоянд.

“Чорабинии расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ рӯзи 5-уми апрели соли равон дар «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарияти вазорат, устодону профессорон ва мутахассони баландпояи соҳавӣ баргузор мегардад”, – гуфтааст ин ниҳод.

Вазорат аз шаҳрвандон даъват кардааст, аз имконият ва шароити мусоид истифода бурда, вазъи саломатии хешро беҳтар намоянд.

Шикоят аз гарон будани нарх дар ташхисгоҳҳо ва хадамоти тиббӣ дар Тоҷикистон кам нест. Ин маърака солҳои пеш ҳам гузаронида мешуд ва онҳое, ки тавони пардохтро надоранд, дар рӯзи ҷаҳонии тандуруст ба беморхонаҳо мешитофтанд.

Сокинон мегӯянд, чунин маъракаҳо бояд бештар баргузор шавад, зеро аксари мардуми ниёзманд имкони пардохти ташхисҳои тибии гаронарзишро надоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.