Шурӯъ аз 1-уми апрели соли ҷорӣ Шабакаҳои тақсимоти барқи Тоҷикистон аз ширкати “Барқи тоҷик”, ки калонтарин истеҳсолкунандаи барқ дар кишвар аст, бо нархи қиматтар барқ харидорӣ мекунад.
Дар ин бора аз 13-уми марти соли 2025 қарори ҳукумат ба имзо расид, ки онро пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр кардааст.
Тибқи қарор, акнун, 1 киловатт-соат нерӯи барқ аз ҷониби ҶСК “Барқи Тоҷик” ба Шабакаҳои тақсимоти барқ бо нархи 16,37 фурӯхта мешавад. Қаблан ин ширкат барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ 13,72 сомонӣ пардохт мекард.
Ҳамзамон, таърифа (тариф)-и интиқоли нерӯи барқ, ки аз ҷониби Шабакаҳои интиқоли барқ ба Шабакаҳои тақсимоти барқ гузаронида мешавад, боло рафт. Акнун Шабакаҳои интиқоли барқ барои таҳвили барқ аз истеҳсолкунада то тақсимотгар барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ 3,57 сомонӣ мегирад. Ин рақам пештар 3,29 сомониро ташкил медод. Ин маблағ барои интиқол ва нигоҳ доштни хатҳои барқ пардохт карда мешавад.
Аз ширкати “Барқи тоҷик” ба “Азия – Плюс” гуфтанд, нерӯи барқ тавассути хатҳои баландшиддати Шабакаҳои интиқоли барқ ба Шабакаҳои тақсимоти барқ интиқол дода мешавад.
“Як қисми хизматрасониро ширкати “Барқи тоҷик” пардохт мекунад. Қисми дигарро Шабакаҳои тақсимоти барқ медиҳад”, – гуфтанд аз ширкати “Барқи тоҷик”.
Бояд гуфт, ки дар асоси ин қарори ҳукумат таърифаҳо (тарифҳо)-и истифодаи нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон ва дигар истеъмолгарони он низ аз 1-уми апрели соли 2025 боло рафт. Ҳамакнун аҳолӣ барои истифодаи 1 киловатт-соат нерӯи барқ ба ҷои 30,75 дирами пештара 35,36 дирам месупоранд.
Зимнан, дар қарори ҳукумат дар робита ба истифодаи нерӯи барқ барои аҳолӣ маҳдудият ҷорӣ шудааст. Яъне дар сурати аз 10 ҳазор киловат соат дар як моҳ онҳо муваззаф мешаванд, ки маблағро бо таърифаҳо барои истифодабарандагони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ, яъне барои ҳар киловат соати қариб 90 дирам пардохт кунанд.
Мақомот сабаби инро “пешгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ” меноманд.
Зикр бояд кард, ки таърифаҳои нерӯи барқ то соли 2016 танҳо дар солҳои ҷуфт ва баъдан ҳамасола боло бурда шуданд. Танҳо дар солҳои 2020-2021 ҳукумат тасмим гирифт, ки бинобар сабаби вазъияти душвори иҷтимоӣ-иқтисодии марбут ба оқибатҳои пандемия, аз боло бурдани нархҳо худдорӣ кунад.
Боло бурдани таърифаҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки норасоии нерӯи барқ аз мушкилоти мубрами кишвар ба шумор меравад. Ҳар сол бо фарорасии сардиҳо дар навоҳии Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ мешавад, вале сокинон шикоят мекунанд, ки аз соатҳои расман муқарраргардида камтар барқ мегиранд.




