Ҳушдор ва дархости ду ниҳод. Дар Тоҷикистон то 14-уми апрел хатари фаромадани тарма ва омадани сел боқӣ мемонад

Аз 12 то 14-уми апрел бинобар боришоти шадиди борон дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд (дар қитъаи 64 то 74 км) эҳтимоли фаромадани тарма вуҷуд дорад. Дар ин бора Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ мегӯяд, илова бар ин, ба ҷуз минтақаи шарқии ВМКБ, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ эҳтимоли омадани сел пешбинӣ мешавад. […]

Asia-Plus

Аз 12 то 14-уми апрел бинобар боришоти шадиди борон дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд (дар қитъаи 64 то 74 км) эҳтимоли фаромадани тарма вуҷуд дорад. Дар ин бора Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, илова бар ин, ба ҷуз минтақаи шарқии ВМКБ, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ эҳтимоли омадани сел пешбинӣ мешавад.

Дар ар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз мардум хостааст, ки дар ин рӯзҳо рафтан ба соҳили дарёҳо ва саёҳати кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Ҳамчунин КҲФ аз аҳолӣ дархост кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо эҳтиёт бошанд ва ба ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, ҳезум ва шикору моҳидорӣ нараванд.

Дар бораи паёмади боронҳои шадид муфассал дар матлаби “12 мушак ба сӯи абрҳои жолазо партоб шуд”. КҲФ паёмади боронҳои шадиди ду рӯзи гузаштаро гуфт ва ба сокинон ҳушдор дод” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.