Фоида аз саҳмияҳои НБО “Роғун”. Қарори Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тақсими даромади ин нерӯгоҳ ба саҳмдорон

Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки тақсими даромадҳо (фоида аз даромад)-и Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” баррасӣ шавад. Ҳоло ду агрегати ин нурӯгоҳ аз солҳои 2018-2019 бо иқтидори маҳдуди истеҳсолӣ фаъолият мекунанд. Дар ин бора аз 26-уми марти соли 2025 қарори ҳукумат ба имзо расид, ки онро пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр кардааст. Тибқи ин санад, Кумитаи давлатии […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки тақсими даромадҳо (фоида аз даромад)-и Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” баррасӣ шавад.
Ҳоло ду агрегати ин нурӯгоҳ аз солҳои 2018-2019 бо иқтидори маҳдуди истеҳсолӣ фаъолият мекунанд.

Дар ин бора аз 26-уми марти соли 2025 қарори ҳукумат ба имзо расид, ки онро пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр кардааст.

Тибқи ин санад, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор шудааст, ки дар маҷлиси умумии саҳмиядорони ҶСК “НБО Роғун” мутобиқи тартиби муқарраргардида қарор “Дар бораи тартиби тақсими даромадҳо аз ҳисоби фурӯши неруи барқ (дохилӣ ва содиротӣ)-и дар неругоҳи барқи обии “Роғун” истеҳсолшаванда”-ро қабул кунад.

Ҳамчунин ин Кумита муаззаф гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва Шӯрои нозирони ҶСК “НБО Роғун” иҷрои мунтазами қарорҳои маҷлиси умумии саҳмиядорони ин ҷамъиятро таъмин намояд.

Бояд гуфт, ки масъалаи тақсими даромадҳо аз фурӯши нерӯи барқ ва барномаи тақсими фоидаи ин ширкат, дар аввали моҳи марти соли ҷорӣ зимни ҷаласаи ғайринавбатии саҳмиядорон баррасӣ гардид.

Дар баробари ин, ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия рӯзи 28-уми имсол бо судури як қарор дастур дод, ки дар Сарраёсати хазинадории марказии ин ниҳод суратҳисоби махсуси “Фонди тақсими фоида” аз фурӯши нерӯи барқе, ки НБО-и “Роғун” истеҳсол мекунад, боз намояд.

Ёдрас мешавем, ки маҷлиси умумии саҳмиядорони ҶСК “НБО Роғун” аз соли 2011 инҷониб баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки айни ҳол саҳмиядорони ин ширкат ғайр аз ҳукумати Тоҷикистон, ки тақрибан 98% саҳмия дорад, шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Дар Тоҷикистон фурӯши густардаи саҳмияҳо аз 6-уми январи соли 2010 оғоз гардид ва то моҳи майии соли 2012 идома кард. Ба иттилои Вазорати молия дар маҷмӯъ, аз фурӯши саҳмияҳо ва маблағҳои хайриявӣ 890 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ гардид.

Мувоффиқи маълумоти расмӣ сармояи оинномавии ҶСК “НБО Роғун” зиёда аз 40 миллиард сомонӣ (3,7 миллиард доллар”-ро ташкил медиҳад.
Дар соли 2008, замоне ки сохтмони дубораи НБО “Роғун” оғоз гардид ва ҶСК таъсис ёфт, сармояи оинномавӣ дар ҳаҷми 16 миллион сомонӣ муайян шуда буд.

Ёдрас мешавем, ки айни замон ду агрегати аввали ин нерӯгоҳ бо иқтидори маҳдуд кор мекунанд. Интизор меравад, ки агрегати навбатии он давоми соли ҷорӣ ба истифода дода шавад.

Ба маълумоти Вазорати энергетика, дар соли 2024-ум, НБО “Роғун” 1 миллиарду 220 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст, ки ин тақрибан 5,5% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар кишварро дар соли гузашта ташкил медиҳад.

Айни ҳол идораи нерӯгоҳро ҶСК “НБО Роғун” бар уҳда дорад, ки он таҳти назорати ҳукумат қарор дорад. Дар назар аст, ки баъди пурра ба охир расидани сохтмони НБО “Роғун”, он ба тавозуни ҶСК “Барқи Тоҷик”, ки масъули идоракунии иқтидорҳои тавлидкунандаи давлатии кишвар аст, супорида мешавад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини ин нерӯгоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ соли 2035 пешбинӣ шудааст. Барои ин, ҳукумат бояд сармоягузории на камтар аз 6,4 миллиард долларро пайдо намояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио