Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбол ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Шаби гузашта, 11-уми апрел, дастаи миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии охирини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025 бо мунтахаби Эрон дидор анҷом дод. Ин рақобат дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор гардида, бо ҳисоби 3:1 ба нафъи дастаи Тоҷикистон анҷом ёфт. Голҳои дастаи моро Меҳрубон Одилзода, Аҳмадҷон Шоев ва Абдулло Иброҳимзода ба самар расониданд. Баъди […]

Asia-Plus

Шаби гузашта, 11-уми апрел, дастаи миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии охирини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025 бо мунтахаби Эрон дидор анҷом дод.

Ин рақобат дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор гардида, бо ҳисоби 3:1 ба нафъи дастаи Тоҷикистон анҷом ёфт.

Голҳои дастаи моро Меҳрубон Одилзода, Аҳмадҷон Шоев ва Абдулло Иброҳимзода ба самар расониданд.

Баъди ин пирӯзӣ тими миллии наврасони Тоҷикистон бо 6 имтиёз аз садри аввали гурӯҳи “D” ба даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт.

Ҳамчунин, бо роҳ ёфтан ба ин марҳилаи Ҷоми Осиё наврасони тоҷик роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025-ро, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мешавад, низ ба даст оварданд.

Бозии дигари гурӯҳи “D” миёни мунтахабҳои наврасони Куриёи Шимолӣ ва Уммон бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт. Ҳамин тавр, Куриёи Шимолӣ 5 хол ба даст оварда, баъд аз Тоҷикистон роҳхат ба марҳилаи баъдии мусобиқаро ба даст овард.

 

Дар ду бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025 дастаи Тоҷикистон бар тими Уммон бо ҳисоби 2-1 ғолиб гардида, аз Куриёи Шимолӣ бо ҳисоби 3-0 мағлуб шуда буд.

Ҳамакнун, дастаи наврасони тоҷик дар даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 бо ҳамтоёни худ аз Куриёи Ҷанубӣ рақобат мекунанд. 

Ин бозӣ рӯзи 14-уми апрел дар варзишигоҳи "Шоҳзода Абдуллоҳ Ал-Файсал Спортс Сити"-и шаҳри Ҷидда соати 22:15 ба вақти Душанбе баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ин бори сеюм мешавад, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ меёбад. Пеш аз ин наврасони тоҷик дар дар Ҷоми ҷаҳон дар Куриёи Ҷанубӣ (2007) ва Бразилия (2019) ширкат варзида буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.