Истеъфо дар футболи тоҷик. Баъди шаш давр кӣ ба куҷо рафт?

Аз аввали соли 2025 чанд сармураббии дастаҳои футболи Тоҷикистон иваз шуданд ва ин раванд то ҳол идома дорад. Аз ҷумла, хадамоти матбуоти дастаи “Хосилот” хабар дод,  ки мутахассиси эронӣ Амин Субҳонӣ аз вазифаи сармураббии дастаи “Ҳосилот”-и Фархор истеъфо дод. Ин мураббӣ дастаро бо хоҳиши худ тарк кардааст. Пас аз 6 даври мусобиқаи қаҳрамонӣ, таҳти роҳбарии мураббии […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Аз аввали соли 2025 чанд сармураббии дастаҳои футболи Тоҷикистон иваз шуданд ва ин раванд то ҳол идома дорад.

Аз ҷумла, хадамоти матбуоти дастаи “Хосилот” хабар дод,  ки мутахассиси эронӣ Амин Субҳонӣ аз вазифаи сармураббии дастаи “Ҳосилот”-и Фархор истеъфо дод.

Ин мураббӣ дастаро бо хоҳиши худ тарк кардааст. Пас аз 6 даври мусобиқаи қаҳрамонӣ, таҳти роҳбарии мураббии эронӣ, “Хосилот” бар ҳеҷ даста пирӯз нашуд.

Ёдовар мешавем, ки Амин Субҳонӣ моҳи феврал сармураббии “Хосилот” таъин шуд. Дар бозиҳои лигаи бартар “Хосилот” бо дастаҳои КМВА (1:2), “Барқчӣ” (0:3), “Равшан” (1:2) бозӣ карда, аз ҳамаи онҳо шикаст хӯрд ва бо “Истиклол” (1:1), “Вахш” (1:1) ва “Истаравшан” (1:1) мусовӣ кард. Ҳоло ин даста дар ҷадвали мусобиқа зинаи 11-умро соҳиб аст.

Амин Субҳонӣ муддати тӯлонӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Аз 12-уми август 2024 то кунун вазифаи мудири дастаи “Равшан”-ро ба зимма дошт. Ҳамчунин, дар солҳои гуногун мураббии дастаҳои “Хосилот” (аз 1-уми январи 2023) ва КМВА (аз 13-уми июни 2021) буд.

 

Сармураббии нави “Ҳосилот” Зайниддин Раҳимов таъин гардид, ки пештар дар “Регар-ТадАЗ” аз Турсунзода кор мекард.

Раҳимовро дар курсии сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ” Тоҳир Муминов иваз кард. Созишномаи ҳамкорӣ миёни тарафҳо барои як сол имзо шуд ва агар ҳадафҳои пешбинишуда иҷро шаванд, он ба таври худкор тамдид карда мешавад.

Ҳамчунин, соли гузашта мутахассиси рус Игор Суров, пас аз ду соли фаъолият, дастаи “Эсхата”-ро тарк кард. Ин мураббӣ бо “бонкдорҳо” соли 2023 нишони биринҷӣ ва дар мавсими гузашта мақоми 6-умро соҳиб шуд. Ба ҷойи ӯ Шӯҳрат Умаров таъин шуд.

Дар “Равшан”-и Кӯлоб пеш аз мавсим низ мураббӣ дигар шуда буд. Дмитрий Черишев, мутахассиси рус акнун ин дастаро роҳбарӣ мекунад.

 

Дастаи “Истаравшан” ҳам мураббиро иваз кард. Акнун “Истаравшан”-ро Шӯҳрат Шамсиев, футболбози достони ин даста роҳбарӣ хоҳад кард. Шамсиев солҳои пеш дар ин даста бозӣ карда, муддате сармураббии он низ буд.

Дар дастаи “Панҷшер” низ тағйирот сурат гирифт: ба ҷои Бойир Эгамбердиев, сармураббии даста Бахтиёр Ҳакимов таъин шуд.

Бояд гуфт, баъди шаш даври мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон, дастаи “Истиклол” – и Душанбе бо 16 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа пешсаф аст.

Дастаи “Вахш” – и Бохтар бо 14 имтиёз дар ҷойи дуюм ва дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо 11 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.