Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо имзои як қарор дар ҷанги кишвараш алайҳи Украина оташбаси серӯза эълон кардааст. Сомонаи расмии раиси ҷумҳури Русия ин қарорро нашр кардааст. Дар он зикр мешавад, ки “бо назардошти ҷанбаи инсондӯстӣ ва дар арафаи 80-солагии Рӯзи Ғалаба, аз соати 00:00 аз 7 ба 8-уми май то соати 00:00 аз 10 […]

Asia-Plus

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо имзои як қарор дар ҷанги кишвараш алайҳи Украина оташбаси серӯза эълон кардааст.

Сомонаи расмии раиси ҷумҳури Русия ин қарорро нашр кардааст. Дар он зикр мешавад, ки “бо назардошти ҷанбаи инсондӯстӣ ва дар арафаи 80-солагии Рӯзи Ғалаба, аз соати 00:00 аз 7 ба 8-уми май то соати 00:00 аз 10 ба 11-уми май, ҷониби Русия оташбас эълон менамояд. Дар ин давра тамоми амалиёти ҷангӣ қатъ хоҳад шуд”.

“Русия чунин меҳисобад, ки ҷониби Украина низ аз ин иқдом пайравӣ кунад. Дар сурати нақзи оташбас аз ҷониби Украина, артиши Русия посухи мувофиқ хоҳад дод”, – таъкид мегардад дар хабар.

Мавқеи ҷониби Украина ба ин “қарори оташбаси Русия” ҳоло маълум нест. Мақомоти расмии ин кишвар қарори оташбасро шарҳ надодаанд.

Ҳамчунин, бояд гуфт, дар изҳороти оташбаси нашркардаи сомонаи расмии раиси ҷумҳури Русия таъкид мешавад, ки “ҷониби Русия бори дигар омодагии худро барои музокироти сулҳ бидуни шартҳои пешакӣ, ки ба бартараф кардани сабабҳои аслии буҳрон дар Украина ва ҳамкории созанда бо шарикони байналмилалӣ равона шудааст, изҳор медорад”.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта Русия эълон кард, ки аз соати 18:00 -и 19-ум то соати 00:00-и 21-уми апрел (ба вақти Маскав) ба муносибати иди "Пасха" тамоми намуди амалиёти ҷангӣ дар Украинаро қатъ мекунад. Он вақт Украина аз ин тасмим ҷонибдорӣ карда буд.

Аммо баъди гузашти ин муҳлат, ҳарду ҷониб ҳамдигарро барои нақзи оташбас гунаҳкор карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.