КҲФ аз омадани тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон огоҳ мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон аз омадани тӯфони чанг ғубор ба ҷумҳурӣ огоҳ мекунад. Ба иттилои Кумита, аз 30 апрел то 2 майи соли ҷорӣ дар манотиқи ҷанубу ғарбӣ ва марказии вилояти Хатлон, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бинобар тағйирёбии обу ҳаво тӯфони гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. “Бар асари омилҳои […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон аз омадани тӯфони чанг ғубор ба ҷумҳурӣ огоҳ мекунад.

Ба иттилои Кумита, аз 30 апрел то 2 майи соли ҷорӣ дар манотиқи ҷанубу ғарбӣ ва марказии вилояти Хатлон, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бинобар тағйирёбии обу ҳаво тӯфони гарду ғубор пешгӯӣ мешавад.

“Бар асари омилҳои метеорологӣ (гарду хок) олудагии ҳаво бо моддаҳои беруна, ҳиссачаҳо, ки  10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5)-ро ташкил хоҳад дошт, дар назар аст”, – омадааст дар хабари Кумита.

Дар ин  робита Кумита аз аҳолӣ дархост мекунад, ки ба касоне, ки аз бемориҳои дилу раг ранҷ мекашанд ва ё гирифтори касалиҳои қанд мебошанд, бештар диққат диҳанд.

Ҳамчунин дар Кумита хотиррасон намудаанд, ки дар ин рӯзҳо мебояд бештар ба солимӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард:

– Бештар оби тоза нӯшед, рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр;

– То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Тозаву салқин кардани ҳавои хона дар нимаи дуюми рӯз беҳтар аст;

– Тирезаҳои худро бо докка ва ё тур бипӯшед;

– Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, фаршу тирезаҳоро бо латтаи нарму нам тоза кунед;

– Мунтазам бинӣ ва даҳонатонро бо об чайқонед.

Гуфта мешавад, давоми ин рӯзҳо дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ва ғарби ВМКБ дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво эҳтимоли омадани селҳо низ вуҷуд дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода ба телефони 112 ва ё дар қисми навбатдории КҲФ: 223-13-11; 93 880 28 19 занг занед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.