Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст

Размикор аз Тоҷикистон Муборакшо Муборакшоев расман ба вазни миёнаи ММА-ташкилоти АСА ҳамроҳ шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти лига хабар дод. Бо назардошти сатҳи баланди рақобат дар ин лига, имзои қарордод бо АСА метавонад як марҳилаи муҳим дар ҳунарнамоии касбии варзишгар шавад. Ҳоло санаи рақобати аввал дар АСА эълон нашудааст, лекин дар назар аст, ки […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Размикор аз Тоҷикистон Муборакшо Муборакшоев расман ба вазни миёнаи ММА-ташкилоти АСА ҳамроҳ шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти лига хабар дод.

Бо назардошти сатҳи баланди рақобат дар ин лига, имзои қарордод бо АСА метавонад як марҳилаи муҳим дар ҳунарнамоии касбии варзишгар шавад. Ҳоло санаи рақобати аввал дар АСА эълон нашудааст, лекин дар назар аст, ки он моҳҳои наздик баргузор шавад.

Рақобати охиринашро Муборакшоев дар мусобиқаи Eagle FC 35 муқобили Денис Измоденов моҳи апрели соли 2021 гузаронида буд. Дар ин рақобат, ки тамоми вақти ҷудошуда ҷараён гирифт, Муборакшо бо қарори ҷудогонаи доварон ғолиб дониста шуд.

Рақобати аввали Муборакшоев дар ММА моҳи марти соли 2015 бо Айдарбек Ашимов дар мусобиқаи World Ertaymash Federation 2 баргузор шуда буд. Ин рақобат дар раунди аввал ба фоидаи Муборакшо бо сабмишн (таслим шудан) анҷом ёфт. Ӯ 7 бор ғолиб омада, ягон бор ба шикаст дучор нашудааст.

Муборакшо Мабатхонович Муборакшоев, размикори тоҷики муҳорибаҳои омехта 11 ноябри соли 1989 дар ВМКБ ба дунё омадааст. Ӯ дар категорияи вазни миёнаи сабук ҳунарнамоӣ карда, клуби размикории Evolution Team Bayonov-ро намояндагӣ мекунад. Муборакшоев соли 2009 таҳти раҳбарии Залон Наҷмиддинов, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба бокс ба машқу тамрин оғоз кардааст. Ӯ қаҳрамони Тоҷикистон оид ба ММА ва рақобати дастӣ мебошад.

Варзишгар ҳамчунин дар мусобиқаҳои бокси касбӣ ҳунанамоӣ мекунад. Моҳи июни соли 2022 ӯ дар доираи мусобиқаи Pravda FC бо нокаути техникӣ бар варзишгари Русия Николай Нестеров дастболо шуда буд. Лекин дар моҳи октябри соли 2022 дар мусобиқаи Pravda Boxing бо қарори якдилонаи доварон аз Тимур Никулин шикаст хӯрд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.