Дар як бинои Вазорати мудофиа сӯхтор сар задааст

Бегоҳии дирӯз, 19-уми май, дар як бинои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон сӯхтор сар задааст. Дар ин бора Сарраёсати хадамоти оташнишонӣ хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ин ҳодиса соати 16:42 дақиқа рух додааст. Сарраёсати хадамоти оташнишонӣ гуфтааст, ки сӯхтор “дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар сехи хурди барқтаъминкунии Вазорати мудофиа” сар зада, 50 метри мураббаъро фаро […]

Asia-Plus

Бегоҳии дирӯз, 19-уми май, дар як бинои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон сӯхтор сар задааст. Дар ин бора Сарраёсати хадамоти оташнишонӣ хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин ҳодиса соати 16:42 дақиқа рух додааст.

Сарраёсати хадамоти оташнишонӣ гуфтааст, ки сӯхтор “дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар сехи хурди барқтаъминкунии Вазорати мудофиа” сар зада, 50 метри мураббаъро фаро гирифтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, оташнишонҳо сари вақт сӯхторро хомӯш кардаанд.

Мақомот гуфтаанд, ки дар пайи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ сабт нашудааст. Вале зарари расида аз ин оташсӯзӣ чӣ қадар будааст, маълум нест.

Сӯхторҳои ба сабаби “расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ” рухдода дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти умда ба шумор мераванд. Дар гузашта низ дар чандин муассисаҳои давлатӣ, корхонаҳо, бозорҳо ва биноҳои истиқоматӣ бо сабаби “расиши кӯтоҳи ноқилҳо” сӯхтор ба қайд гирифта шуда буданд.

Дар ин замина, ниҳодҳои масъули кишвар ҳамеша таъкид мекунанд, ки ҳама биноҳо бояд чораҳои пешгирикунандаро риоя намуда, системаи огоҳсозии сӯхторро насб ва таҷдид кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.