Сӯхтор дар муҷтамаъи табъу нашри “Шарқи озод”

Имрӯз тақрибан соати 10:30 дақиқа яке аз ҳуҷраҳои корӣ дар ошёнаи 11-уми муҷтамаъи табъу нашри “Шарқи озод”, воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе оташ гирифт. Дар ошёнаи мазкур расонаҳои “Оила” ва “Тоҷикистон” ҷойгиранд. Ҳамаи кормандони муҷтамаъи табъу нашри “Шарқи озод” ва идораҳои ВАО фавран аз бино берун бароварда шуданд. Ҳеҷ кас осеб надидааст. Ба ҷойи ҳодиса тақрибан 15 мошини оташнишонӣ ҳозир шуда, […]

Asia-Plus

Имрӯз тақрибан соати 10:30 дақиқа яке аз ҳуҷраҳои корӣ дар ошёнаи 11-уми муҷтамаъи табъу нашри “Шарқи озод”, воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе оташ гирифт. Дар ошёнаи мазкур расонаҳои “Оила” ва “Тоҷикистон” ҷойгиранд.

Ҳамаи кормандони муҷтамаъи табъу нашри “Шарқи озод” ва идораҳои ВАО фавран аз бино берун бароварда шуданд. Ҳеҷ кас осеб надидааст.

Ба ҷойи ҳодиса тақрибан 15 мошини оташнишонӣ ҳозир шуда, дар давоми 20 дақиқа алангаро хомӯш карданд.

Аз рӯйи маълумоти пешакӣ, сӯхтор аз сабаби расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ ба амал омадааст.

Дар ҷараёни оташнишонӣ таъмини қувваи барқ дар бино қатъ карда шуд. 

Баъд аз хомӯш кардани оташ кормандони “Шарқи озод” ва расонаҳо ба коргоҳи худ баргаштанд.

Хадамоти оташнишонӣ ҳаҷми зарари сӯхтори имрӯзаро муайян мекунанд. 

Қобили зикр аст, ки ду ҳафта пеш хадамоти оташнишонии пойтахт дар муҷтамаъи табъу нашри “Шарқи озод” тамринҳои зиддисӯхтор гузарониданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.