Бонки миллии Тоҷикистон маълумот дар бораи оғози фаъолияти Биржаи криптоасъорро беасос номид

Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти нашршуда "дар як қатор нашрияҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ"-ро, ки дар онҳо доир ба оғози фаъолияти биржаи криптоасъор (рамзарз) хабар дода мешуд, рад кард. Дар иттилои сомонаи Бонки миллӣ гуфта мешавад, дар хабари бардурӯғи паҳншуда аз номи раиси Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода шудааст, аммо дар он зикр намешавад, ки суханони аз номи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти нашршуда "дар як қатор нашрияҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ"-ро, ки дар онҳо доир ба оғози фаъолияти биржаи криптоасъор (рамзарз) хабар дода мешуд, рад кард.

Дар иттилои сомонаи Бонки миллӣ гуфта мешавад, дар хабари бардурӯғи паҳншуда аз номи раиси Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода шудааст, аммо дар он зикр намешавад, ки суханони аз номи раиси БМТ ироашуда дар куҷо, кай ва бо иштироки киҳо иброз гардидааст.

Бахши матбуоти БМТ навиштааст, "дар шароити пешрафти технологияи рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ, сохтан ва паҳн кардани хабару акс ва ҳатто видеоҳои фейкӣ хеле осон шуда, хатари паҳн гардидан ва истифодаи маълумоти бардурӯғ дар ҷомеа нисбатан зиёд гаштааст”.

"Бо назардошти гуфтаҳои боло, барои пешгирӣ ва кам кардани оқибатҳои манфии иттилооти беасос Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки ба хабарҳои сомонаҳои шубҳанок бовар накарда, танҳо аз маълумоти сомонаҳои расмии вазорату идораҳои давлатӣ истифода баранд", – зикр мешавад дар хабари БМТ.

Баъзе ВАО-и дигар дар бораи роҳандозии биржаи криптоасъор бо истинод ба мусоҳибаи директори Агентии инноватсияҳо ва технологияҳои рақамии назди президенти ҶТ Хуршед Файзуллозода ба нашрияи ҳукумат – “Ҷумҳурият” хабар доданд.

“IT парке, ки ба наздикӣ таъсис ёфт, дар назди он фаъолияти криптоасъор ва биржа ба роҳ монда шуд ва фаъолияти он дар доираи ваколатҳое, ки дорем, аз рӯи реҷаи махсуси озмоиши ҳуқуқӣ (regulatory sandbox) танзим мегардад, – изҳор дошта буд Файзуллозода. – Биржаи криптоасъор ба биржаи ҷаҳонии криптодороӣ пайваст шудааст. Тавассути ин биржа барои бонкҳои мо, ки дар ин самт ҳавасманд мебошанд, барои ширкат намудан дар мубодилаи криптодороиҳо имконият фароҳам оварда шудааст”.

Биржаи криптоасъор чист?

Биржаи криптоасъор онлайн-платформае мебошад, к ба корбарон барои хариду фурӯш ва мубодилаи криптоасъор имконият медиҳад.

Ҳамчунин онҳо ба сифати ҷойи нигаҳдории криптодороиҳо ва майдон барои мубодилаи як дороиҳои рақамӣ ба дигарашон истифода мешаванд.

Кори биржаи криптоасъор ба модели муқоисакунии ордерҳо асос ёфтааст: бархе аз корбарон барои фурӯш ва дигарон барои харид дархост гузошта, биржа дар замони мувофиқати шартҳо онҳоро ба ҳам меорад.

Ба сафи биржаҳои нисбатан маъруфи криптоасъор платформаҳои Coinbase, Binance, Changelly, Bittrex ва Kraken мансубанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Эрон “фишанги дигаре” ҳам дорад, ки агар истифода кунад, таҳдиди ҷиддӣ ба раёсати Доналд Трамп хоҳад шуд.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

Бохтар дуввумин шаҳр дар вилоят аст, ки ба ин барнома прайваст гардид.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Дар доираи лоиҳа 8 ҳазор сокини ҷамоати Ромит ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар Амрико ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул аст.

Ҳушдори мақомот аз 4 рӯзи хокбориш дар Тоҷикистон

Барои пешгирӣ аз чангу ғубор чӣ бояд кард?

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.