Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратон дар Тоҷикистон тасдиқ шуд

Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз, 29 май таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои  саратон  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 тасдиқ шуд. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода зимни гузориши худ зикр кард, ки барнома мувофиқи Ҳадафҳои рушди устувор […]

Asia-Plus

Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз, 29 май таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои  саратон  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 тасдиқ шуд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода зимни гузориши худ зикр кард, ки барнома мувофиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи миллии рушд то соли 2030 таҳия шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, мубориза бо бемориҳои саратон яке аз афзалиятҳои сиёсати давлат дар соҳаи тандурустӣ боқӣ мемонад.

Сарвари давлат таъкид намуд, ки барои ба мардум фаҳмонидани сабабу омилҳои гирифторшавӣ ба бемориҳои саратон ва пешгирӣ аз онҳо, аз ҳама имкону захираҳо бояд истифода карда шавад.

Пас аз баррасӣ барнома ва нақшаи амалисозии он маъқул дониста шуданд. Ба сохторҳои марбута дастур дода шуд, ки иҷрои чоррабиниҳоро таъмин ва дар бораи натиҷаҳои он ҳамасола ҳисобот диҳанд.

Ҳамчунин дар маҷлис лоиҳаи қонунҳо дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ, тағйирот ба Кодекси гумрук, инчунин тағйиру иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи боҷи давлатӣ” ва “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” маъқул шуморида шуданд.

Ҳамаи онҳо барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешаванд.

Илова бар ин, ҳамчунин барномаҳои зерин баррасӣ а тасдиқ шуданд:

– Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029;

– Барномаи давлатии рушди санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030;

– Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030.

Ба гуфтаи президент, барномаи рақамикунонии бахши кишоварзӣ баҳри идомаи минбаъдаи ислоҳоти аграрӣ, ташкили низоми устувор ба тағйирёбии иқлим, рушди иқтисоди сабз, фароҳам овардани шароити мусоиди пешбурди соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ғайра таҳия карда шудааст. Ба масъулин дастур дода шуд, ки аз рӯи барнома нақшаи амалигардонии онро таҳия ва тасдиқ намоянд.

Дар фарҷоми маҷлис Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои дастурҳои қаблии ҳукумат, вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт ва омодагии ҷиддӣ ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ дастуру тавсияҳо дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Эрон “фишанги дигаре” ҳам дорад, ки агар истифода кунад, таҳдиди ҷиддӣ ба раёсати Доналд Трамп хоҳад шуд.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

Бохтар дуввумин шаҳр дар вилоят аст, ки ба ин барнома прайваст гардид.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Дар доираи лоиҳа 8 ҳазор сокини ҷамоати Ромит ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар Амрико ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул аст.

Ҳушдори мақомот аз 4 рӯзи хокбориш дар Тоҷикистон

Барои пешгирӣ аз чангу ғубор чӣ бояд кард?

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.