Идомаи мурофиаи додгоҳии парвандаи марги ноболиғи 16-сола пагоҳ баргузор мешавад

Имрӯз, 2-юми июн Додгоҳи ноҳияи Сино баъди шунидани суханҳои Юсуф Баҳрулло Юсуфзода, ронандае, ки зери чархи мошини ӯ Ҷасур Акрамови 16-сола, як сокини пойтахт ба ҳалокат расид, мурофиаи навбатиро ба пагоҳ, 3-юми июн гузошт. Дар мурофиаи пагоҳ интизор меравад, яке аз шоҳидон-  тағои гумонбаршавандаро мепурсанд. Қаблан гуфта мешуд, ки ӯ мошини тағояшро бе доштани ҳуқуқи ронандагӣ […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Имрӯз, 2-юми июн Додгоҳи ноҳияи Сино баъди шунидани суханҳои Юсуф Баҳрулло Юсуфзода, ронандае, ки зери чархи мошини ӯ Ҷасур Акрамови 16-сола, як сокини пойтахт ба ҳалокат расид, мурофиаи навбатиро ба пагоҳ, 3-юми июн гузошт.

Дар мурофиаи пагоҳ интизор меравад, яке аз шоҳидон-  тағои гумонбаршавандаро мепурсанд. Қаблан гуфта мешуд, ки ӯ мошини тағояшро бе доштани ҳуқуқи ронандагӣ гирифтааст. 

Садамаи нақлиётӣ бо иштироки Юсуф Юсуфзода рӯзи 3-юми апрели соли 2025, тахминан соати 16:30 дақиқа дар кӯчаи Б.Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух дод, ки дар натиҷа Ҷасур Акрамови 16-сола ҷароҳат бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан, ба ҳалокат расид. Сабаби ҳодиса “аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадан”-и Юсуфзода гуфта мешавад.

Ҳарчанд гуфта мешуд, ки мурофиаи имрӯза ба таври кушод баргузор шуда, хабарнигорон низ дар он метавонанд ширкат кунанд, вале соати 11:00- имрӯз вақте мурофиа оғоз шуд, додрас хабарнигори “Азия-Плюс”-ро ба толори мурофиа роҳ надод. Дар он танҳо вакилони дифоъ ва наздикони ду тараф ширкат карданд.

Фирдавс Акрамов, падари марҳум Ҷасур Акрамов баъди анҷоми мурофиа ба “Азия-Плюс” гуфт, “дар мурофаи гумонбаршаванда гуноҳи худро пурра эътироф кард”.

“Дар ҷаласаи додгоҳӣ маълум гардид, ки гумонбаршаванда қаблан барои ҷинояте, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир алоқаманд аст ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Худи боздоштшуда низ шарҳ дод, ки барои истеъмоли воситаи нашъадори бангдона ба ҷавобгарӣ кашида шудааст”,-гуфт Фирдавс Акрамов.

Ба иттилои ӯ, зимни мурофиа гуфта шуд, ки гумонбаршаванда замони содир кардани садамаи нақлиётӣ ҳуқуқи рондани воситаҳои нақлиётро надошт.

Дар мурофиа ҳамчунин, худи Фирдавс Акрамов ҳам пурсида шудааст. Ӯро дар бораи шахсияти фарзандаш пурсиданд.

“Ман аз гумонбар пурсидам, ки вақти рух додани садама чаро мошинро ба кунҷи дигари роҳ тоб надод? Дар ин сурат имкон буд, фарзанди ман зинда монед”, – гуфт Фирдавс Акрамов.

Назари хонавода ва вакили дифои гумонбаршаванда дар робита ба ин қазия маълум нест. Наздикони Юсуф Баҳрулло Юсуфзода аз суҳбат бо "Азия-Плюс" худдорӣ карданд.

Қаблан, Фирдавс Акрамов, падари марҳум Ҷасур Акрамов бо нашри як номаи саркушода ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул хоста буд, ки парвандаи ҷиноии марги писарашро таҳти назорати шахсӣ гиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.