Боздошти як зодаи Тоҷикистон баъди тақдими гувоҳнома барои хариди хона дар Русия

Додгоҳи шаҳри Нижнекамски Русия Муҳиддин Холзода, як зодаи Тоҷикистонро, ки шаҳрвандии Русияро низ дорад ва чанде пеш мақомоти Ҷумҳурии Тотористон ба ӯ шаҳодатнома ба маблағи 5 млн рубл барои хариди хона тақдим карда буданд, ба муҳлати ду моҳ боздошт кардааст. Муҳиддин Холзода пас аз се моҳи соҳиби шаҳодатнома шудан ва дар пайи ҳамлаҳои лафзӣ дар […]

Asia-Plus

Додгоҳи шаҳри Нижнекамски Русия Муҳиддин Холзода, як зодаи Тоҷикистонро, ки шаҳрвандии Русияро низ дорад ва чанде пеш мақомоти Ҷумҳурии Тотористон ба ӯ шаҳодатнома ба маблағи 5 млн рубл барои хариди хона тақдим карда буданд, ба муҳлати ду моҳ боздошт кардааст.

Муҳиддин Холзода пас аз се моҳи соҳиби шаҳодатнома шудан ва дар пайи ҳамлаҳои лафзӣ дар интернет, аз сӯйи Кумитаи тафтишоти Русия ба талоши қаллобӣ ҳангоми гирифтани кӯмакҳои иҷтимоӣ муттаҳам мешавад. Ин ниҳод гуфтааст, ҳуҷҷатҳои ба мақомоти марбута пешниҳодкардаи Холзода маълумоти бардурӯғро дар бар мегирифтанд.

Қазияи соҳиби шаҳодатнома гардидани як оилаи зодаи Тоҷикистон бо шаҳрвандии Русия моҳи марти соли 2025, пас аз нашри ин хабар аз сӯйи Рамил Муллин, шаҳрдори Нижнекамск дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте” оғоз шуд.

Зери навиштаи шаҳрдори Нижнекамск, шарҳҳои интиқодиву миллатгароёна ва даъватҳо барои тафтиши раванди пешниҳоди шаҳодатнома зиёд гардид. Зоҳиран, зери иш фишор, Кумитаи тафтишотӣ парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.

Ҳамчунин нисбат ба ҳамсари Холзода — Малика Тоирова низ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ба иттилои тафтишот, ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷат барои гирифтани шаҳрвандии Русия, ӯ шаҳодатномаи сохтаи донистани забони русиро пешниҳод кардааст. Ба ӯ барои истифодаи ҳуҷҷати бардуруғ (моддаи 327 Кодекси ҷиноятии Русия) айб эълон шудааст.

Холзода ва Тоирова шаҳрвандони Русия буда, чор фарзандро тарбия мекунанд.

Илова бар ин, алайҳи як қатор шахсони мансабдори шаҳрдории Нижнекамск низ барои бемасъулиятӣ ва сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Пештар аз ин, ҳадди ақал дар ду ҳолати дигар зодагони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро доштанд, бо иттиҳом ва баҳонаи шабеҳ ба қазияи Холзода муттаҳам гардиданд.

Ааввали моҳи январи соли равон шаҳрдории Митиши ба Таҳмина Самадова, як зодаи дигари Тоҷикистон бо шаҳрвандии Русия дар доираи барномаи давлатии дастгирии оилаҳои серфарзанд гувоҳнома барои хариди манзил ба маблағи 24 млн рубл тақдим кард. Ӯ бо шавҳараш Рамазон Раҳимов зиёда аз 14 сол дар Русия зиндагӣ доранд ва ҳафт фарзандро тарбия мекунанд.

 

Дар пайи фишори миллатгароҳои рус, мақомот хонаро дубора гирифта, нисбати ин зодаи Тоҷикистон бо ҷурми “қаллобӣ” (қисми 4, моддаи 159.2 КҶ ФР) парванда боз карда, ӯро боздошт карданд. Баъдтар Таҳмина Самадоваро бо шарти тарк накардани ҷойи истиқомат озод намуданд.

Муроҷиати Тахмина Самадова ба додгоҳ барои адолатхоҳӣ боис гардид, ки нисбати ӯ боз як парвандаи ҷиноятии дигар боз карда шавад.

Оилаи Мирсаидовҳо, ки соҳиби 4 фарзанданду беш аз 10 сол пеш ба Русия рафта, ҳоло дар шаҳри Качканари вилояти Свердлов зиндагӣ мекунанд ва чанде пеш бар асоси барномаи давлатӣ, соҳиби хона шудааст, низ аз нигаронӣ ва ҳамлаҳои лафзии миллатгароён дар шабакаҳои иҷтимоӣ эмин намонданд.

Баъди нашри хабари соҳиби хона шудани ин оилаи зодаи Тоҷикистон, намояндагони гурӯҳҳои миллатгарои Русия дар гурӯҳҳои Телеграм навиштаанд, ки дар ин шаҳр “ҳадди аққал 20 хонаводаи камбизоат ҳастанд, ки ҳар кадом соҳиби 10-13 фарзанд мебошанд, аммо муҳоҷире, ки ба наздикӣ шаҳрвандии Русияро гирифтааст, соҳиби хона гардидааст”.

Ба иттилои ҳукумати маҳаллӣ, хонаводаи Масаидовҳо, ки чаҳор фарзандро тарбия мекунанд, тамоми меъёрҳои гирифтани шаҳодатномаро пурра иҷро кардаанд. Мақомот таъкид кардаанд, ки ҳеҷ асосе барои рад кардани ин ҳақи онҳо вуҷуд надорад.

Коршиносон сабаби чунин бархӯрди мақомоти Русияро ба афзоиши равандҳои миллатгароӣ ва муҳоҷирситезӣ рабт медиҳанд, ки дар сатҳи болоии ҳукумати ин кишвар низ аз сӯйи мақомдорони алоҳида дастгирӣ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.