Анбӯҳи гармӣ ва ҳавои хушку ғуборолуд. Моҳи июл дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳаво пешгӯӣ мешавад?

Давоми моҳи июл дар аксар манотиқи Тоҷикистон шиддат гирифтани гармии ҳаво, боришоти камтар аз меъёр ва тӯфони гарду ғубор дар назар аст. Тибқи пешгӯии Оҷонси обуҳавошиносӣ бо сабаби ворид шудани анбӯҳи ҳавои ниҳоят гарм ва хушк аз самти минтақаҳои ҷанубу-ғарбӣ ин моҳ ҳарорати ҳаво дар водиҳои вилояти Хатлон 42+47° гарм ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 39+44° […]

Asia-Plus

Давоми моҳи июл дар аксар манотиқи Тоҷикистон шиддат гирифтани гармии ҳаво, боришоти камтар аз меъёр ва тӯфони гарду ғубор дар назар аст. Тибқи пешгӯии Оҷонси обуҳавошиносӣ бо сабаби ворид шудани анбӯҳи ҳавои ниҳоят гарм ва хушк аз самти минтақаҳои ҷанубу-ғарбӣ ин моҳ ҳарорати ҳаво дар водиҳои вилояти Хатлон 42+47° гарм ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 39+44° гарм пешгӯӣ мешавад.

 

Ҳарорати баландтарин дар Хатлон ва ноҳияҳои водии тобеи ҷумҳурӣ

Дар пойтахти кишвар, вилояти Хатлон ва водиҳои навоҳии тобеи марказ ҳарорати миёнаи моҳи июл 26-32 дараҷа ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 24 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Дар навоҳии водибуда рӯзона аз 32-37 то 39-44 дараҷа ва навоҳии дурдасти ҷануб то 47 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат каме пасттар буда, аз 26-31 то 33-38 дараҷа гарм хоҳад буд.

Давоми моҳ боришоти аз меъёр камтар дар назар буда, дар водиҳо 0,5-5 мм ва дар доманакӯҳҳо 6-21 мм пешгӯӣ мешавад.

Дар рӯзҳои алоҳида пурзӯр шудани суръати шамол то 22 метр дар як сония дар назар аст. Дар ин рӯзҳо тӯфони чангу ғубор низ имкон дорад.

 

Дар вилояти Суғд

Ҳарорат дар навоҳии вилояти Суғд давоми моҳ дар ҳадди меъёр хоҳад буд. Ҳарорати миёна дар водиҳо 27-28 дараҷа ва дар кӯҳистон 15-19 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

 

Ҳарорати ҳаво рӯзона дар водиҳо аз 31-36 то 38-43 дараҷа ва дар кӯҳистон аз 20-25 то 29-34 дараҷа тағйир меёбад. Шабона дар водиҳо аз 17-22 то 22-27 дараҷа ва дар кӯҳистон аз 7-12 то 14-19 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Боришот хеле кам дар назар буда, танҳо дар баъзе навоҳии кӯҳӣ аз меъёр зиёдтар хоҳад буд. Боришот дар водиҳо 3-8 мм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳиву кӯҳистон 8-29 мм дар назар аст. Инчунин туманҳои ғуборолуд пешгӯӣ мешавад.

 

Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ

Ҳарорат дар навоҳии кӯҳии ин минтақа рӯзона 20-24 дараҷа ва шабона аз 9-14 то 18-23 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Боришоти моҳона гарчанде аз меъёр камтар гуфта мешавад, аммо дар ноҳияҳои алоҳида метавонад аз меъёр зиёд бошад.

Дар ғарби ВМКБ 3-8 мм ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 20-32 мм боришот дар назар аст.

Рӯзҳои алоҳида эҳтимоли бориши борон ва раъду барқ дар назар буда, вазиши шамол  то 15-20 метр дар як сония метавонад шиддат гирад. Инчунин гарду ғубор давоми моҳ боқӣ мемонад.

 

Дар шарқи ВМКБ

Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи ҳаво 9-15 дараҷа пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати рӯзона аз 12-17 то 20-25 дараҷа ва шабона аз 4-9 дараҷа гарм то -2+3 дараҷа дар назар аст. Боришот дар ин минтақа болотар аз меъёр пешбинӣ мешавад.

Оҷонсии обуҳавошиносӣ дар робита ба гармшавии ҳаво инчунин ҳушдор додааст, ки бар асари обшавии қабати барф ва пиряхҳо дар минтақаҳои ғарбии ВМКБ, ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Суғд ва минтақаҳои кӯҳии НТҶ хатари сар задани селҳо аз эҳтимол дур нест.

Ин ниҳод аз аҳолӣ хостааст, ки дар рӯзҳои шиддат гирифтани гармӣ худро эҳтиёт кунанд ва бе зарурат дар ҳавои гарм ба берун набароянд. Аз аҳолии ноҳияҳои осебпазири кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ низ эҳтиёткор будан тақозо карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.