“Як шаҳрванд ҷон бохт”. Садамаи мошини оташнишонӣ дар Норак

Дирӯз, 1-уми июл, як мошини оташнишонӣ дар ҳудуди шаҳри Норак ба садама дучор шуда, бар асари он як шаҳрванд ҷон бохтааст. Дар ин бора Ориф Нозимиён, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, садама тақрибан соати 12:00 дар ҳудуди деҳаи Тутқавули ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак рух додааст. “Автомашинаи […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дирӯз, 1-уми июл, як мошини оташнишонӣ дар ҳудуди шаҳри Норак ба садама дучор шуда, бар асари он як шаҳрванд ҷон бохтааст. Дар ин бора Ориф Нозимиён, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, садама тақрибан соати 12:00 дар ҳудуди деҳаи Тутқавули ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак рух додааст.

“Автомашинаи оташнишонии тамғаи DFAC ба Хадамоти давлатии отошнишонӣ дар шаҳри Норак тааллуқ дошт. Ронандаи он Хуршед Раҷабзодаи 33-сола, сокини шаҳри Норак, зимни ҳаракат аз сӯйи Данғара ба ҷониби Норак аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, дар нишебии канори роҳ ба садама дучор шудааст”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Сухангӯи КҲФ гуфт, бар асари садама худи ронанда ҷароҳати вазнин бардошта, ба бемористон интиқол дода шудааст. Аммо шаҳрванд Мақсадхон Бӯриеви 41-сола, сокини шаҳри Ваҳдат, ки дар дохили мошини оташнишонӣ будааст, ҷон бохтааст.

Маълум нест, ки шаҳрванд Мақсадхон Бӯриев дар дохили он чӣ кор мекард.

Бояд гуфт, ки дирӯз навори мошини оташнишонӣ, ки ба садама дучор шудааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид.

Ин ҳодиса аз камтарин сонеҳаҳои маргбор аст, ки бо мошини оташнишонӣ ба вуҷуд меояд. Одатан, мошинҳои оташнишонӣ бо садои бонги хатар имкон доранд, ки ҳаракати ҳама гуна нақлиётро бурида, ба макони ҳодиса расанд. Ин садои бонг бартариест, ки мошинҳои оташнишонӣ камтар ба садама дучор шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.