Пешакӣ огоҳ кунед. Муҳоҷирони тоҷик барои сафар ба Русия чӣ гуна бояд омодагӣ гиранд?

Аз 30-юми июн Русия тартиби вуруди шаҳрвандони хориҷиро тағйир дод. Акнун пеш аз сафар бояд на танҳо ҳуҷҷат ҷамъоварӣ намуд, балки тариқи замимаи махсус огоҳиномаи электронӣ низ фиристод. Бо такя ба шарҳу тавзеҳи сафорати Русия дар Тоҷикистон, ба муҳимтарин саволҳо дар бораи қоидаҳои нави вуруд ба ин кишвар посух медиҳем.   Чӣ тағйир ёфт? Аз 30-юми […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Аз 30-юми июн Русия тартиби вуруди шаҳрвандони хориҷиро тағйир дод. Акнун пеш аз сафар бояд на танҳо ҳуҷҷат ҷамъоварӣ намуд, балки тариқи замимаи махсус огоҳиномаи электронӣ низ фиристод. Бо такя ба шарҳу тавзеҳи сафорати Русия дар Тоҷикистон, ба муҳимтарин саволҳо дар бораи қоидаҳои нави вуруд ба ин кишвар посух медиҳем.

 

Чӣ тағйир ёфт?

Аз 30-юми июн шаҳрвандони хориҷие, ки нияти сафар ба Русияро доранд, бояд аризаи дахлдор дар бораи мақсади сафар ва будубош дар ин кишварро пешниҳод кунанд. Ба истилоҳи дигар, пешакӣ дар бораи сафар хабар додан лозим аст.

Қоидаҳои нав дар доираи марҳилаи дуюми озмоиш оид ба санҷиши қоидаҳо ва шартҳои вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ ба/аз Русия ҷорӣ мешаванд. Санҷиши қоидаҳо то 30-юми июни соли 2026 давом мекунад.

 

Ин ҳатмист?

Не, ҳатмӣ нест. Тибқи иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон пур кардани ариза дар замимаи "RuID" ихтиёрӣ буда, набудани аризаи пуркардашуда наметавонад барои рад кардани вуруд асос шавад.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, инчунин сафорати Русия дар Тоҷикистон ба шаҳрвандони худ тавсия медиҳанд, ки ба ҳар ҳол, ариза пеш аз сафарро пур кунанд. Ин ба онҳо як қатор бартариятҳо медиҳад:

– имкони саривақт санҷидани мавҷуд будани маҳдудиятҳо барои вуруд ба ин кишвар аз ҷониби ВКД Русия;

– профили рақамии иловагӣ ташаккул меёбад, ки ба ҳамкории мутақобила бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро тариқи онлайн (дарёфти полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ, ба қайд гузоштан ба сифати шуғли мустақилона ва ғайра) имкон медиҳад;

– зимни вуруд ба Русия бар асоси маълумоти зикршуда дар ариза барои вуруд, ба шаҳрванди хориҷӣ ба таври худкор Рақами суғуртаи инфиродии суратҳисоби шахсӣ таҳия мешавад, ки барои имзои шартномаи алоқа (дарёфти симкорт) зарур аст.

 

Дар куҷо ва чӣ гуна метавон ариза пешниҳод кард?

Ду  роҳи пешниҳоди ариза вуҷуд дорад:

1. Тариқи портали "Госуслуги" – агар аллакай ба қайд гирифта шуда, биометрияро дар Русия гузашта бошед.

2. Тариқи замимаи мобилии "RuID" – агар ҳоло ба қайд гирифта нашуда бошед.

Замимаи "RuID" дар "App Store" ва "Google Play" дастрас аст. Пас аз насб кардан аз қайд гузаред ва  кабинети инфиродӣ созед.

 

Дар он барнома чиро зикр кардан зарур аст?

Дар бахши “Пешниҳоди ариза” (Подать заявление) чунин маълумотро ворид кунед:

– кишвареро, ки аз он ворид мешавед;

– мақсади сафар;

– муҳлати будубош;

– минтақаҳое, ки боздид аз онҳоро дар нақша доред.

 

Чанд соат пеш аз сафар бояд хабардор кард?

Дар бораи ҳузури худ дар Русия бояд на дертар аз 72 соат ва на пештар аз 90 рӯз пеш аз ворид шудан ба Русия хабар додан лозим аст.

 

Агар таъҷилӣ ба Русия рафтанӣ бошам?

Агар сафар таъҷилӣ бошад, масалан барои табобати фаврӣ, бемории вазнин ё вафоти шахси наздик, аризаро на дертар аз 4 соат то гузаштани сарҳад пешниҳод кардан лозим аст. Ба он ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, масалан маълумотномаи тиббӣ ё роҳхат аз табиб/дармонгоҳ, шаҳодатнома дар бораи вафот ё маълумотномаи расмӣ дар бораи марг ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи хешутаборӣ (шаҳодатнома дар бораи ақди никоҳ ё таваллуд) илова карда мешаванд.

 

Дар ариза доир ба кӯдакон ҳам маълумот додан лозим аст?

Бале, агар шумо бо кӯдаконатон ба Русия равед, маълумот дар бораи онҳоро низ ба аризаи худатон ворид кардан лозим аст. Бояд дар назар дошт, ки агар кӯдакро ҳардуи волидон ҳамроҳӣ кунанд, маълумот дар бораи кӯдаконро бояд ҳар кадоме аз волидон дар аризаи худ зикр кунанд.

Масалан, агар падару модар бо ду кӯдак рафта бошанд, пас ҳарду волидон дар бораи ҳарду кӯдакашон маълумот медиҳанд.

 

Кадом ҳуҷҷатҳоро боргузорӣ кардан зарур аст?

Ҳангоми пешниҳоди ариза чунин маълумоти биометриро боргузорӣ кардан зарур аст:

– сурати шумо;

– сурати шиноснома;

– сабти овозӣ (танҳо дар RuID).

Агар шумо тариқи “Госуслуги” ариза диҳед, боргузории танҳо сурататон кофист.

Акнун метавон аризаро фиристод. Пас аз ирсоли ариза низом маълумоти шуморо месанҷад. Агар барои вуруд маҳдудият набошад, то замони сафари шумо ба аккаунти шахсии шумо дар “Госуслуги” ё дар замимаи "RuID" посух ва "QR"-код барои вуруд ба Русия фиристода мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.