Намояндаи Тоҷикистон аз мусобиқаи куштии озод дар Маҷористон медали нуқра ба даст овард

Магомед (Муҳаммад) Евлоев, намояндаи куштии озоди Тоҷикистон аз мусобиқаи байналмилалии рейтингии “Ёдбуди Имре Пойяк ва Янош Варга” дар Маҷористон медали нуқра ба даст овард. Имсол ба ҷуз Магомед Евлоев Тоҷикистонро бояд Абдулмаҷид Кудиев ҳам намояндагӣ мекард, вале бо сабаби мушкилот дар ба даст овардани раводид (виза) у натавонист дар мусобиқа ширкат кунад. Ин мусобиқа рӯзи 17-уми […]

Asia-Plus

Магомед (Муҳаммад) Евлоев, намояндаи куштии озоди Тоҷикистон аз мусобиқаи байналмилалии рейтингии “Ёдбуди Имре Пойяк ва Янош Варга” дар Маҷористон медали нуқра ба даст овард.

Имсол ба ҷуз Магомед Евлоев Тоҷикистонро бояд Абдулмаҷид Кудиев ҳам намояндагӣ мекард, вале бо сабаби мушкилот дар ба даст овардани раводид (виза) у натавонист дар мусобиқа ширкат кунад.

Ин мусобиқа рӯзи 17-уми июл дар шаҳри Будапешт доир шуд. Магомед Евлоев дар вазни то 79 кг бо пирӯзӣ бар се рақиби худ аз Олмон, Ҳинд ва Юнон ба финал расид, вале дар ин марҳила аз намояндаи Гурҷистон шикаст хӯрд ва соҳиби ҷои дуюм шуд.

 

Мусобиқаии рейтингии “Ёдбуди Имре Пойяк ва Янош Варга” ҳамасола дар Будапешт ба хотираи ду қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ аз Маҷористон – Имре Пойяк ва Янош Варга баргузор мегардад ва дар он варзишгарон аз кишварҳои гуногун ширкат мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.