Шабакаҳои тақсимоти барқ: Гармии ҳаво сабаби сарбории таҷҳизот ва қатъи барқ шуд

Дар Шабакаҳои тақсимоти барқ гуфтанд, ки гармии зиёд як сабаби қатъи нерӯи барқ дар фасли тобистон шудааст. Сабаби дигарро татбиқи 4 лоиҳа дар саросари кишвар зикр карданд. Имрӯз дар Душанбе ширкатҳои масъули барқ ба рӯзноманигорон ҳисобот доданд ва дар фасли тобистон қатъ гардидани барқ мавриди баҳс қарор гирифт. Роҳбари Шабакаҳои тақсимоти барқ дар нишаст ҳузур […]

Дар Шабакаҳои тақсимоти барқ гуфтанд, ки гармии зиёд як сабаби қатъи нерӯи барқ дар фасли тобистон шудааст. Сабаби дигарро татбиқи 4 лоиҳа дар саросари кишвар зикр карданд.

Имрӯз дар Душанбе ширкатҳои масъули барқ ба рӯзноманигорон ҳисобот доданд ва дар фасли тобистон қатъ гардидани барқ мавриди баҳс қарор гирифт.

Роҳбари Шабакаҳои тақсимоти барқ дар нишаст ҳузур надошт, вале Абдуалим Самизода, сардори Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Душанбе гуфт, ки натанҳо дар вилояти Хатлон, дар пойтахти кишвар ҳам имсол гармии зиёд ба қайд гирифта шуд.

“Таҷҳизоти барқӣ то як миқдори муайяни ҳарорат фаъолият мекунад ва навбатдор баъди ин ҳарорат маҷбур мешавад, ки таҷҳизоти барқиро аз сарборӣ озод кунад, барои пешгирӣ кардан аз корношоям шудани таҷҳизоти барқӣ”, – гуфт Самизода.

Аммо ӯ дақиқ нагуфт, ки таҷҳизоти барқӣ то чанд дараҷаи ҳарорат метавонад фаъолият кунад ва то кадом меъёри гармӣ метавонад хатарзо бошад.

 

Сабаби дигарро Абдуалим Самизода роҳандозии 4 лоиҳа дар Тоҷикистон номид, ки барои иҷрои корҳои он интиқоли нерӯи барқ қатъ мешавад:

– Бобарқтаъминкунии деҳот бо 6,5 млн доллар;

– Барномаи рушди соҳаи энергетика бо 95 млн доллар;

– CASA-1000 бо 15 млн доллар;

– Кам кардани талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон.

“Барои амалӣ кардани ин лоиҳаҳо, чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст, бе хомӯшкунии шабакаи барқ иҷро кардани корҳо дар шабакаҳои барқӣ ғайриимкон аст”, – гуфт Абдуалим Самизода.

Бояд гуфт, ки чанд рӯзи пеш Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ҳам зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе қатъи нерӯи барқро тасдиқ карда, сабаби онро “ҳарорати баланди ҳаво” зикр карда буд.

Ӯ рӯзи 25-уми июл гуфт, “дар ҳақиқат, махсусан дар моҳи июл ва қисман дар моҳи июн дар баъзе мавридҳо маҳудудияти барқ ҷой дошт. Новобаста аз он, ки иқтидорҳои истеҳсолии энергияи барқ басанда буданд, азбаски ҳаво бисёр гарм буд, таъсири технологӣ ба кори таҷҳизот, махсусан дар шабакаҳои барқӣ расонида буд”.

Дар Тоҷикистон ҳар сол аз моҳи сентябр то апрел расман маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ, ки миёни сокинон чун “лимит”-и барқ маъмул аст, ҷорӣ мешавад. Аммо имсол дар фасли тобистон ҳам, бидуни огоҳӣ, ба гуфтаи сокинон, барқ аз 2 то 7 соат хомӯш мешавад. Ду моҳи охир сокинони Панҷакент, Деваштич, Ваҳдат, Шаҳритус, Фархор ва ҳатто Душанбе аз қатъи барқ шикоят кардаанд.

Сокинон савол медиҳанд, ки агар дар фасли зимистон сабаби қатъи барқ кам будани об бошад, чаро дар тобистон, ки Тоҷикистон барқро зиёд истеҳсол карда, ҳатто содирот мекунад, ин мушкилот вуҷуд дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.