Ҷасади фарзанди чоруми Мадина Ҳалимова ва омӯзгори Донишгоҳи тиҷорат то ҳол пайдо нашудааст

Ҷасади фарзанди чоруми Мадина Ҳалимова, зани 28-сола аз ноҳияи Фархор, ки гуфта мешавад, 4 кӯдакашро ба дарё андохт, бо гузашти беш аз як моҳ пайдо нагардидааст. Инчунин ҷасади Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи тиҷорат низ, ки ду сол пеш ба дарёи Фон андохта шуд, то имрӯз дарёфт нашудааст.  Дар ин бора  имрӯз, 4-уми август, дар нишасти […]

Ҷасади фарзанди чоруми Мадина Ҳалимова, зани 28-сола аз ноҳияи Фархор, ки гуфта мешавад, 4 кӯдакашро ба дарё андохт, бо гузашти беш аз як моҳ пайдо нагардидааст. Инчунин ҷасади Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи тиҷорат низ, ки ду сол пеш ба дарёи Фон андохта шуд, то имрӯз дарёфт нашудааст.  Дар ин бора  имрӯз, 4-уми август, дар нишасти хабарии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ доданд.

Иззатулло Қурбонзода, сардори Раёсати хадамоти махсусгардонидашудаи кофтукови наҷотдиҳии Кумита гуфт, то ҳол ҷасади се фарзанди Мадина Ҳалимова, ки шаби 29 ба 30-юми июни соли равон бо чаҳор кӯдакаш худро ба дарё партофт, пайдо шуда, ҷустуҷӯи ҷасади фарзанди чоруми ӯ аз ҷониби дастаи наҷотдиҳии вилояти Хатлон идома дорад.

Бояд гуфт, аз Раёсати КҲФ дар минтақаи Кӯлоб низ қаблан дар бораи дарёфти ҷасади се кӯдак иттилоъ дода буданд. Падари Мадина Ҳалимова низ дар суҳбати охир бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки Латофати панҷсола – фарзанди калонии духтараш то ҳол пайдо нагардидааст.

То ҳол се кӯдаки ин зан – Зайнаб Абдуллохонзодаи 3-сола, Муҳаммад Шарифзодаи 2-моҳа ва Ёсамин Абдуллохонзодаи 2-сола аз дарёи Сурхоб ва Панҷ пайдо шуданд. Худи зан дар боздошт қарор дошта, нисбаташ тибқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳомӣ “одамкушӣ” парванда боз шудааст. Ин банди қонунгузорӣ аз 15 то 25 сол зиндон ва ё ҳукми абад пешбинӣ мекунад.

Вакили дифои Мадина Ҳалимова рӯзи 15-уми июл ба Азия-Плюс гуфта буд, ки то он замон 2 мурофиаи додгоҳӣ баргузор шудааст. Шавҳар ва наздикони зан иддао доранд, ки “бемории рӯҳӣ” доштани зан сабаби ба ин кор даст задани ӯ шудааст. Вале вакили дифои Мадина Ҳалимова, ки чанд бор бо зерҳимояаш дар боздоштгоҳ ҳамсуҳбат шудааст, фарзияи “бемории руҳӣ доштан”-и занро рад карда, мегӯяд, “сабаби ба ин кор даст задани ӯ рашки зиёд аст”.

 

Ҷасади омӯзгор беш аз ду сол аст, пайдо нашудааст

Бо гузашти бештар аз ду сол ҷасади Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки аз ҷониби Акмал Юсуфзода, подполковники пешини Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил (УБОП)-и ВКД рабудаву ба дарёи Фон андохта шуд, низ пайдо нашудааст.

Ба гуфтаи Иззатулло Қурбонзода, барои пайдо кардани ҷасади омӯзгор, ки шаби 12-уми июни соли 2023 аз назди қурутобхонаи “Муслим”-и Душанбе рабуда ва дар яке аз ҷойҳои серталотуми дарёи Фон партофта шуд, 11 маротиба ҳайати шахсӣ сафарбар шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, кӯшишҳои КҲФ барои дарёфти ҷасад бенатиҷа анҷомидааст ва ҷустуҷӯ ҳанӯз идома дорад.

Ӯ таъкид намуд, ки дарёе, ки ҷасад андохта шудааст, тезҳаракат аст.

“Барои дарёфти ҷасад таҷҳизоти гуногун истифода шуда, гурӯҳи ихтиёриён ва мақомоти марбутаи дигар низ ҷалб шуданд, аммо натиҷа надод”, – изҳор кард ӯ.

Ёдрас мешавем, ки Исмоил Раҳмонов шаби 12-уми июни соли 2023 аз ҷониби Акмал Юсуфзода аз назди қурутобхонаи “Муслим”-и Душанбе рабуда ва ба дарёи Фон андохта шуд. Сабаби ин ҳодиса ба гуфтаи додситон, рашки Юсуфзода аз мукотибаи ҳамсараш бо Исмоил Раҳмонов будааст. Аммо пайвандони омӯзгор мегӯянд, Исмоил Раҳмонов бо ҳамсари Акмал Юсуфзода дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамкор буданд ва миёни онҳо робитаи дигар ҷой надошт.

Моҳи марти соли 2024 Додгоҳи олии Тоҷикистон Акмал Юсуфзода ва Исмоилҷон Шукуров, хеши ӯро ба рабудан ва қатли Исмоил Раҳмонов гунаҳгор дониста, аввалиро ба 19 сол ва хеши ӯро ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.