Ҳуши маснӯӣ ба Хадамоти гумрук барои иҷрои барзиёди нақша кумак кардааст

Дар нимсолаи аввали соли 2025 Хадамоти гумруки Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии даромадҳо ба буҷети давлатиро барзиёд иҷро кардааст. Ба ҷои 5,1 млрд сомонии пешбинишуда ба буҷет тақрибан 5,7 млрд сомонӣ ворид шуд, ки 623 млн сомонӣ ё худ 11,7% бештар аз нақша аст. Ин ҳамчунин 1,1 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар нимсолаи аввали соли 2025 Хадамоти гумруки Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии даромадҳо ба буҷети давлатиро барзиёд иҷро кардааст. Ба ҷои 5,1 млрд сомонии пешбинишуда ба буҷет тақрибан 5,7 млрд сомонӣ ворид шуд, ки 623 млн сомонӣ ё худ 11,7% бештар аз нақша аст. Ин ҳамчунин 1,1 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

 

Хадамоти гумрук нақшаро барзиёд иҷро кард

Тавре ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар иттилоияи расмии худ хабар медиҳад, нақшаи пардохтҳои асосии гумрукӣ дар нимсолаи аввали соли 2025 ба таври назаррас иҷро шуд, ки аз натиҷаҳои баланд дар чандин категорияҳо гувоҳӣ медиҳад.

Воридот аз андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) 7,5% барзиёд аз нақша иҷро шуда, 298,4 млн сомониро ташкил дод, ки ин яке аз саҳмҳои калонтарин ба афзоиши умумии воридот аст. Боҷ ба молу воситаҳои нақлиёт 33,3% барзиёд аз нақша иҷро шуда, ба 210,4 млн сомонӣ расид.

Аксизҳо низ 6,4% афзоиш ёфта, 27,3 млн сомониро ташкил доданд. Аз пардохтҳои ғайриандозӣ, аз ҷумла пардохтҳои гумрукиву ҷарима ва дигар воридоти ғайриандозӣ 42 млн сомонӣ ба буҷет ворид шуд.

Аммо дар воридоти маблағ аз боҷҳои содиротӣ 75,4% коҳиш сурат гирифта, 14,9 млн сомонӣ камтар аз нақшаро ташкил дод.

 

Ҷорисозии ислоҳот ва технологияҳои нав

Хадамоти гумрук бар ин назар аст, ки ҷорисозии низоми “Равзанаи ягона барои анҷоми расмиёти амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ” ба гузаштани 11 мақомоти шомил  ба низом аз шакли коғазии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба шакли электронӣ имкон дод.

Ин ба соддакунӣ ва баланд бардоштани шаффофият дар анҷоми расмиёти савдои хориҷӣ ва пешниҳоди хадамоти давлатӣ мусоидат кард.

Дар иттилоия зикр мешавад, ки дар вазорату идора ва корхонаву ташкилотҳои зернизоми идоракунии хавфҳо бо истифода аз модули иловагии Data Mining, ки ба таркибҳои ҳуши маснӯӣ (зеҳни сунъӣ) асос ёфтааст, ҷорӣ шуд. Зернизоми мазкур молҳоеро, ки бояд санҷида шавад, муайян карда, ҷиҳати ба таври худкор (автоматӣ) тақсим шудани ҳуҷҷат аз рӯи сатҳи зарурати назорат вобаста ба хавфҳо имкон медиҳад.

Ин имкон фароҳам овард, ки омили инсони ба ҳадди ниҳоӣ кам карда шуда, ба баргузории амалиёти гумрукӣ суръат бахшида шавад.

Худкор гардонидани ҷараёнҳо вобастагӣ аз омилҳои инсониро кам ва субъективизмро истисно карда, самаранокии корро беҳтар намуд, ки ҷиҳати барзиёд иҷро шудани нақша аз рӯи пардохтҳои гумрукӣ мусоидат кард.

 

Имтиёзҳо барои воридоти молу маҳсулот

Дар зарфи 6 моҳи соли равон имтиёзҳо аз рӯйи таърифаҳо (тарифҳо) ва андоз бо шумули қисман ва пурра озодкунӣ 71,6% аз ҳаҷми воридоти молу маҳсулотро ташкил доданд.

Дар ин давра аз ҳаҷми умумии молу маҳсулоти ба ин тарз воридшуда 28,4%-аш ё худ ба маблағи 994,7 млн доллар андозбандӣ шуданд.

Арзиши гумрукии молу маҳсулоти қисман имтиёздор 1 млрд 738, 1 млн доллар (49,5%), пурра озодшуда аз имтиёз тибқи таърифа ва андоз – 775,5 млн доллар (22,1%)-ро ташкил доданд.

Арзиши гумрукии молу маҳсулот ва воситаҳои нақлиёти ба Тоҷикистон воридгардида бо истифода аз имтиёзҳо аз рӯйи таърифаҳо ва андоз 2 513,5 млн долларро ташкил дода, маблағи пардохтҳои гумрукии озодшуда тибқи онҳо ба 401,1 млн доллар расидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон як ниҳоди нави бахши мудофиа таъсис ёфт

Эмомалӣ Раҳмон ба қарори таъсисаш имзо гузошт.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.