Эмомалӣ Раҳмон, Содир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев ба ҷоизаи Лев Толстой пешбарӣ шуданд

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон номзад барои дарёфти ҷоизаи ба номи Лев Толстой пешбарӣ шуданд. Фонди сулҳи Русия ин пешниҳодро бар асоси созишномаҳои таърихӣ, ки дар нишасти Хуҷанд соли 2025 ба имзо расид, ироа кардааст. Фонди байнулмилалиии ҷамъиятии “Фонди сулҳи Русия” (Российский фонд мира) ба Ҷоизаи байнулмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой номзадии президенти […]

Asia-Plus

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон номзад барои дарёфти ҷоизаи ба номи Лев Толстой пешбарӣ шуданд. Фонди сулҳи Русия ин пешниҳодро бар асоси созишномаҳои таърихӣ, ки дар нишасти Хуҷанд соли 2025 ба имзо расид, ироа кардааст.

Фонди байнулмилалиии ҷамъиятии “Фонди сулҳи Русия” (Российский фонд мира) ба Ҷоизаи байнулмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой номзадии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Қирғизистон – Содир Жапаров ва президенти Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёевро "барои саҳми назарраси онҳо дар таҳкими амният, бунёди ҷаҳони бисёрқутба ва рушди ҳамкории байнулмилалӣ" пешбирӣ кардааст.

Дар ин бора дар номаи Леонид Слутский, раиси раёсати фонд ба унвони ҳакамони ҷоиза сухан меравад.

Дар муроҷиати худ Слутский зикр кардааст, ки 31 марти соли 2025 дар нишасти якуми сарони се кишвар дар Хуҷанд созишномаҳои таърихӣ, аз ҷумла Шартнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расид.

Тавре ки Слутский таъкид кардааст, ин созишномаҳо ба субот ва рушди устувори минтақа мусоидат хоҳанд кард.

Слутский илова намудааст, ки ба туфайли талошҳои сарони ин кишварҳо амният дар қораи АвруОсиё таъмин гардида, инчунин муколама доир ба бунёди фазои бидуни раводид ва роҳандозии тадбирҳо ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ба минтақа идома меёбад.

Ҷоизаи мазкур барои хидматҳои арзанда баҳри пешгирии таҳдиди ҷанги ҷаҳонӣ, саҳм дар таъмини амният бар асоси ҳуқуқи байнулмилалӣ, инчунин дастовардҳо дар маъракаҳои бесилоҳгардонӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дода мешавад. Соли 2024 ин ҷоиза ба Иттифоқи Африқо тақдим шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.