Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ҳайати худро дар CAFA Nations Cup 2025 эълон кард

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Гела Шекиладзе ҳайати дастаро барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «CAFA Nations Cup 2025», ки аз 29 август то 4 сентябр дар Ҳисор баргузор мешавад, эълон кард. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, ба дархости васеи даста 35 футболбоз шомил аст, аммо ҷамъомади тамринӣ, ки 25 август оғоз […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Гела Шекиладзе ҳайати дастаро барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «CAFA Nations Cup 2025», ки аз 29 август то 4 сентябр дар Ҳисор баргузор мешавад, эълон кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, ба дархости васеи даста 35 футболбоз шомил аст, аммо ҷамъомади тамринӣ, ки 25 август оғоз шуд, бо ширкати 23-нафар оғоз мешавад.

Гуфта мешавад, айни замон бархе аз бозигарони мунтахаби кишвар ба ҳайати тими олимпии Тоҷикистон ҷалб шудаанд, ки ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мебинад. Дар робита ба ин, чанд бозигари тими олимпӣ метавонанд дар ҷараёни мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» ба мунтахаби асосӣ ҳамроҳ шаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Ҳиндустон (29 август), Афғонистон (1 сентябр) ва Эрон (4 сентябр) рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар Ҳисор баргузор мешаванд. Бозии аввал бо Ҳиндустон соати 20:30 оғоз мешавад.

Барои футболбозони тоҷик иштирок дар мусобиқаи CAFA Nations Cup на танҳо як имконест барои санҷидани тавону нерӯ пеш аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё, балки мустаҳкаму қавӣ гардонидани ҳамкории мутақобилаи бозингарон дар бозӣ аст.

Сармураббии даста Гела Шекиладзе изҳор намудааст, ки вазифаи даста мубориза барои пирӯзӣ буда, ҳамчунин ба футболбозони ҷавон ҷиҳати нишон додани маҳорату малакашҳои худ имкон дода мешавад.

Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи CAFA Nations Cup 2025

Дарвозабонон: Рустам Ятимов («Ростов», Русия), Олег Баклов («Туран Товуз», Озарбойҷон), Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»), Далер Азизов («Ҳосилот»).

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ханонов («Сипоҳон», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Суғдиён», Ӯзбекистон), Ахтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Табрез Исломов (ҳама аз «Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода («Равшан»), Далер Имомназаров («Регар-ТадАЗ»).

Нимҳимоятгарон: Парвиз Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе (ҳама аз «Истиқлол»), Шервони Мабатшоев («Регар-ТадАЗ»), Алишер Шукуров («Хуҷанд»), Шуҳрат Элмуродов («Регар-ТадАЗ»), Меҳрон Мадаминов («Барқчӣ»).

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Хоразм», Ӯзбекистон), Рустам Соиров («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»), Шериддин Бобоев («Равшан»).

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.