Дар Ӯзбекистон беш аз 500 маҳбусро афв карданд

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бахшида ба 34-солагии истиқлоли кишвараш фармони афв содир кард, ки тибқи он 523 маҳбусе, ки “аз кирдори худ самимона пушаймон шуда, ба роҳи ислоҳ қадам гузоштаанд”, бахшида шуданд. Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти ин кишвар, аз теъдоди умумии афвшудагон, 195 кас пурра аз адои ҷазои асосӣ озод, 147 тан шартан пеш […]

Asia-Plus

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бахшида ба 34-солагии истиқлоли кишвараш фармони афв содир кард, ки тибқи он 523 маҳбусе, ки “аз кирдори худ самимона пушаймон шуда, ба роҳи ислоҳ қадам гузоштаанд”, бахшида шуданд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти ин кишвар, аз теъдоди умумии афвшудагон, 195 кас пурра аз адои ҷазои асосӣ озод, 147 тан шартан пеш аз мӯҳлат аз зиндон озод, 87 кас ҷазои ҷазояшон сабуктар ва 94 тан мӯҳлати ҷазояшон кам карда шуд.

Дар байни афвшудагон гурӯҳҳои мухталифи аҳолӣ мебошанд:

– 8 шаҳрвандони хориҷӣ.

– 45 зан.

– 31 н марди аз 60-сола боло.

– 220 ҷавони то 30-сола, ки аз ҷумлаи онҳо як нафар ноболиғ низ ҳаст.

– 15 шахсе, ки дар фаъолияти ташкилоти мамнӯъ иштирок карда буданд.

Дар фармон аз мақомоти марбута талаб шудааст, ки ба афшудагон барои бозгашт ба оилаҳояшон, мутобиқ шудан ба ҳаёти иҷтимоӣ, пайдо кардани ҷои кор ва зиндагии солим кӯмак расонанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан дар соли 2024, фармони афви президенти Ӯзбекистон дар арафаи иди Рамазон (30-уми март) низ содир шуда буд, ки он вақт 488 маҳкумшуда бахшида шуданд.

Одатан, дар Ӯзбекистон фармонҳои афв се маротиба дар як сол – дар арафаи иди Рамазон, Рӯзи истиқлол (1-уми сентябр) ва Рӯзи сарқонун (8-уми декабр) – қабул карда мешаванд. Маълумоти умумӣ нишон медиҳад, ки аз соли 2024 то ин дам дар Ӯзбекистон 1 ҳазору 431 нафар афв шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.