ВКД гуфт, шахси ҳамлавар бо корд ба кормандони полис дар Маскав шаҳрванди Тоҷикистон нест

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, нафаре, ки дар Маскав бо корд ба кормандони полис ҳуҷум кард, шаҳрванди Тоҷикистон нест. Рӯзи 27-уми август дар шоҳроҳи Шелково як мард ду зарфи оташгир ё "коктейл Молотов"-ро ба сӯи автомашинаҳои корманди ВКД партофта, сипас бо корд ба кормандони пулис, ки барои боздошти ӯ омада буданд, ҳамла кард. Худи ҳамон рӯз, телеграми "База", […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, нафаре, ки дар Маскав бо корд ба кормандони полис ҳуҷум кард, шаҳрванди Тоҷикистон нест.

Рӯзи 27-уми август дар шоҳроҳи Шелково як мард ду зарфи оташгир ё "коктейл Молотов"-ро ба сӯи автомашинаҳои корманди ВКД партофта, сипас бо корд ба кормандони пулис, ки барои боздошти ӯ омада буданд, ҳамла кард.

Худи ҳамон рӯз, телеграми "База", ки наздик ба мақомоти қудратии Русия аст, бо истинод ба манбаъҳояш дар ВКД маълумот дод, ки ҳамлагар “шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон мебошад”. Аз ӯ Шерафган Кунҷумов ном бурданд.

Вале ВКД Тоҷикистон дирӯз, бо нашри як баёния афзуд, “ба ному насаби Кунҷумов Ш.М. ягон маротиба шиносномаи миллӣ ва ё хориҷӣ ба ӯ дода  нашудааст, яъне шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нест”.

Ин ниҳод гуфт, Кунҷумов Шерафган Муминҷонович, соли таваллудаш 1999, зодаи вилояти Саратов буда, шаҳрванди Русия мебошад.“Номбурда соли 2017 аз ҷониби Хадамоти амнияти федералӣ (ФСБ) барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб гардида, ба муҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст. Ӯ муҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳии ИТ-6 шаҳри Клинтси вилояти Брянск адо намуда, моҳи майи соли 2025 ба озодӣ баромадааст”, – гуфта мешавад дар баёнияи ВКД.

Қабл аз ин, хабаргузории “Агентство” ҳам навишт, ки Шерафган Кунҷумов шаҳрванди 25-солаи Русия аст. Ӯ дар Саратов таваллуд шуда, ҳамон ҷо ба қайд гирифта шудааст. Дар синни 14-солагӣ дар Саратов шиносномаи Русия гирифта, баъдан ба Балашихаи вилояти Маскав омадааст. Маълумоти дар бораи ӯ дар пойгоҳҳои манбаъҳои Маскав дар соли 2015 пайдо шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Додгоҳи Преображенскии Маскав Шеравган Кунҷумовро бо иттиҳоми сӯиқасд ба ҷони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (моддаи 317-и Кодекси ҷиноии Русия) ба ҳабс гирифт.

Дар наворе, ки ин додгоҳ нашр кард, Кунҷумов бо сару дастҳои баста дида мешавад.

Ба гуфтаи муфатишон, Кунҷумов гуфтааст, ки ба пулис барои он ҳамла кардааст, ки аз бархӯрд бо мусалмонон дар зиндонҳои Русия қаноатманд нест. Додгоҳ бидуни зикри ҷузъиёт хабар дод, ки Қунҷумов қаблан ҳабс шудааст.

Ин бори аввал нест, ки расонаҳои Русия бидуни маълум кардани ҳуввияти шахсони алоҳида дар ҳаводиси мухталиф шаҳрвандони Тоҷикистонро гумонбар мекунанд. Соли гузашта ҳам зимни ҳамла ба “Крокус сити ҳол” расонаҳои Русия исми се шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони ҳамла ба он нашр карданд. Вале баъдан маълум шуд, ки онҳо дар Тоҷикистон қарор доранд ва ҳеҷ иртиботе ба ин ҳодиса надоранд .Он замон ВКД ҳам баёния нашр кард, ки онҳо дар Тоҷикистон ҳастанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.