Медали нуқраи ҷудокори навраси тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Булғористон

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудо байни наврасон (U-17) (Sofia World Championships Cadets 2025) дар София, Лоиқ Қутбиддинов, ҷудокори навраси тоҷик медали нуқра гирифт. Ин мусобиқот аз 27 то 30 август дар Булғористон баргузор мешавад. Лоиқ Қутббиддинов пас аз як қатор пирӯзиҳо ба даври финалӣ роҳ ёфта, дар рақобати ҳалкунанда аз Эрнуру Батюргалӣ, намояндаи Қазоқистон шикаст хӯрд. То расидан ба даври финалӣ, ӯ бар […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудо байни наврасон (U-17) (Sofia World Championships Cadets 2025) дар София, Лоиқ Қутбиддинов, ҷудокори навраси тоҷик медали нуқра гирифт. Ин мусобиқот аз 27 то 30 август дар Булғористон баргузор мешавад.

Лоиқ Қутббиддинов пас аз як қатор пирӯзиҳо ба даври финалӣ роҳ ёфта, дар рақобати ҳалкунанда аз Эрнуру Батюргалӣ, намояндаи Қазоқистон шикаст хӯрд.

То расидан ба даври финалӣ, ӯ бар ҷудокорон аз Кипр, Алҷазоир, Амрико, Эстония ва Ҷопон дастболо шуд. Ин дастоварди варзишгари наврас барои боз ҳам беҳтар шудани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

Ҳайати Тоҷикистон дар ин мусобиқот аз ҷудокорони зерин иборат буд:

– Ҳайдар Маҳмадшарифов (55 кг);

– Лоиқ Қутбиддинов (60 кг);

– Муҳаммадёсин Сулаймонов (66 кг);

– Бобоҷон Шаропов (73 кг);

– Абӯбакр Абдуҷалилзода (81 кг);

–  Мадина Қурбонзода (52 кг).

Ягона ҷудокор миёни занон аз Тоҷикистон Мадина Қурбонзода дар сафи панҷгонаи беҳтаринҳо дар вазни худаш қарор гирифт. Дигар намояндагони ҷумҳурӣ дар ҳайати мунтахаб дар марҳилаҳои гуногуни мусобиқот ба бохт дучор шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Булғористон зиёда аз 550 ҷудокор аз 71 кишвари , аз ҷумла Ҷопону Фаронса, Бразилия, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.