Нигарониҳо аз қасдгирии падарандаре, ки барои бадрафторӣ нисбати духтари 12-сола танҳо 15 шабонарӯз ҳабс шуд

То 15 шабонарӯз ҳабси маъмурии як мард бо гумони бадрафторӣ бо духтарандараш баҳси тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Корбарон иддао мекунанд, ки мақомот ба мард ҷазои сабук дод ва ӯ баъди озод шудан аз духтар ва модараш қасд мегирад. Дирӯз, 4-уми сентябр Раёсати ВКД вилояти Хатлон хабар дод, ки Сангалӣ Ғайратов, сокини 27-солаи ноҳияи Мир […]

Asia-Plus

То 15 шабонарӯз ҳабси маъмурии як мард бо гумони бадрафторӣ бо духтарандараш баҳси тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Корбарон иддао мекунанд, ки мақомот ба мард ҷазои сабук дод ва ӯ баъди озод шудан аз духтар ва модараш қасд мегирад.

Дирӯз, 4-уми сентябр Раёсати ВКД вилояти Хатлон хабар дод, ки Сангалӣ Ғайратов, сокини 27-солаи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадониро барои бадрафторӣ нисбати духтарандараш 15 шабонарӯз ҳабс кардааст.

Ду рӯз пеш аз ин, навори шикояти духтари ноболиғ аз бадрафтории падарандараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн ва боиси вокунишҳои зиёди корбарон гардида буд. Духтарча дар муроҷиати худ мегӯяд, ки падарандараш вайро ҳамроҳи модараш ва тифли хурди бемори хонавода таҳдиди куштан мекунад.

“Илтимос моро аз дасти ин одам наҷот диҳед, маст мешавад модарамро, маро ва кудаки касалии хонаамонро мезанад. Ҳам мезанад ва дашномҳои безеб мегӯяд, илтимос то бегоҳ омада баред, ки моро мекушад”,-гуфтааст духтари ноболиғ.

Маълум нест, ки ин наворро кай сабт шудааст.

Мақомот гуфтаанд, ки зимни таҳқиқи ин навор маълум кардаанд, ноболиғ аз хушунати хонаводагӣ ранҷ мебурдааст. Ба гуфтаи пулиси Хатлон, Сангалӣ Ғайратов бо модари ноболиғдухтар оила барпо карда, аз зиндагии якҷоя соҳиби як фарзанд шудааст.

“Дар доираи санҷишу таҳқиқи ҳодиса ҳукмфармо будани фазои носолими хонаводагӣ, номуросоӣ, хушунату бадрафторӣ дар муносибатҳои оиладорӣ муайян карда шуд”-навиштааст пули Хатлон.

Назари Сангалӣ Ғайратов ва модари ноболиғ вобаста ба ин қазия маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, хабари ҳабси маъмурии ин мард бархе ҷузъиёти зиндагии ӯро барои расонаҳо ошкор кард. Аз ҷумла, як ҳамсояи ин хонавода ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки бинобар сабаби он ки мақомоти пулис ба доди модари хонавода нарасидаанд, онҳо тариқи шабкаҳои иҷтимоӣ муроҷитаи хонаводаро ба мақомоти болоӣ расондаанд. 

“Ҳамсояамон Файзиниссо шаш маротиба ба мақомот муроҷиат кард, ариза навишт. Шавҳараш он қадар мезанад, ки хун мепартояд. Ҳамсояҳо безор шудем, участковой гуфт, ки айби худат аст. Як нимашаб гурехт, участковий омад, гуфт, ки ту бева хоб меравӣ, мо барои ту кӯдак мекобем”,-гуфтааст ҳамсояи ин хонавода.

Ҳамсоягон нигаронӣ кардаанд, ки мард баъди озод шудан ба суроғи ин хонавода меояд ва онҳоро азоб медиҳад. Ҳамчунин, корбарон дар зери хабари Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон навиштаанд, ки мақомот ба мард ҷазои сабук додаанд ва ӯ баъди баромадан аз духтарбача ва модари ӯ қасд мегирад.

Бояд гуфт, ки масъалаи латукӯб ё хушанат нисбати кӯдакон дар Тоҷикистон солҳо доғ боқӣ мемонад. Наворҳои латукӯбу азияти ноболиғон ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбанд, ки боиси  вокуниши тунди ҷомеа мегардад. Баъди нашри чунин наворҳо, корбарон аз мақомот сахттар кардани ҷазо нисбати озордиҳандагонро талаб мекунанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Эрон “фишанги дигаре” ҳам дорад, ки агар истифода кунад, таҳдиди ҷиддӣ ба раёсати Доналд Трамп хоҳад шуд.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

Бохтар дуввумин шаҳр дар вилоят аст, ки ба ин барнома прайваст гардид.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Дар доираи лоиҳа 8 ҳазор сокини ҷамоати Ромит ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар Амрико ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул аст.

Ҳушдори мақомот аз 4 рӯзи хокбориш дар Тоҷикистон

Барои пешгирӣ аз чангу ғубор чӣ бояд кард?

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.